11-уми апрели соли равон дар саҳни бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва роҳбарону кормандони зерсохторҳои вазорат, адибону шоирон ва санъаткорони шинохтаи кишвар иштирок намуданд.Қабл аз оғози намоиши идона барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму мусаввараҳо, гӯшаҳои ҷашнии зерсохторҳои вазорат, аз ҷумла маҳсули эҷоди ҳунармандону тарроҳон, кадбонувони моҳир, дар маҷмуъ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ пешниҳод карда шуд.
Зимни чорабинии ҷашнӣ таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, Наврӯзи оламафрӯзро, ки намоди таҷдиди ҳаёт, рамзи нахустин рӯзи офариниш, уммед, ҳамгироӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи башар буда, ёдгори фарҳанги ғановатманду тамаддуни деринаи мардуми тоҷик аст ва ба тамаддуни ҷаҳон фалсафаи ҳаёт ва ҳастиро эҳдо намудааст, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
Инчунин таъкид шуд, ки ҷашни миллии Наврӯз баъд аз истиқлол мақоми шоистаи худро бори дигар соҳиб гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Эҳёи расму оинҳои бостонии Наврӯз ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит менамояд, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.
Барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди фарҳангу санъати миллӣ як қатор кормандони соҳаи фарҳанг бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдир шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур аз ҷониби ҳунармандони варзидаи кишвар ва гурӯҳҳои эҷодии сохторҳои вазорат, барои шаҳрвандони пойтахт ва меҳмонон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон





