Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 – уми майи соли 2025 бахшида ба “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” семинари омӯзишӣ ва конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар осорхонаҳо” баргузор намояд.

Самтҳои асосии конференсия:

— Таърихи ташаккули осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

— Масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва тартиби пешбурди он (китобҳои воридотӣ шиносномакунӣ ва ғ.)

— Роҳ ва усулҳои ғанигардонии фонди осорхонаҳо ва масъалаи ҳифзи колекксияҳои осорхонавӣ

— Экспозитсия ва экскурсия дар осорхонаҳо

— Нақши экспонатҳо дар муаррифии таърихи ниёгон

— Осорхонакунонии ёдгориҳои таърихӣ

— Оммавигардонии колексияҳои осорхонавӣ ва масъалаи феҳристнигории онҳо

— Осорхонашиносӣ ва таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни осорхона

— Осорхона ва созмонҳои байналмилалӣ: вазъи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои рушд

— Нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар осорхонаҳои ҷаҳон

— Мубрамияти намоишҳои сайёр дар дохил ва хориҷи кишвар

Забони корӣ: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои илмӣ ва мақолаҳои илмӣ-омавии худро, то санаи 18.05.2025 ба суроғаи savriddin.saidzoda.98@mail.ru ирсол намоянд.

Талаботҳои омодасозии мақолаҳо:

Мақола бояд ба яке аз самтҳои конференсия равона шуда бошад. Ҳаҷми он на камтар аз 5 саҳифа, дар шакли А4 ва ҳуруфчинии Times New Roman Tj (word 97-2003) , андозаи ҳарфҳо 14, масофаи байни сатрҳо 1,15 дар назар гирифта шудааст. Манбаъҳо ва адабиёти илмии истифодашуда, бояд дар поварақ (сноск) гузошта шавад. Руйхати адабиёт бо тартиби алифбо дар охири мақола ҷой дода шавад. Дар кунҷи рост ва қабл аз матни мақола ному насаб ва вазифаи муаллиф дарҷ гардад. Номи мақола дар марказ ва поёнтар аз ному насаб ҷойгир карда шавад.

Шахсони тамос: Саидзода С.С. – сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.Тел. +992918586804.

Абдурахмонов М.С.- сармутахасиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.Тел. +992872330606

E – mail: savriddin.saidzoda.98@mail.ru

 

Кумитаи тадорукот

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *