Санаи 3 майи соли 2025 мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Нодира Ризоӣ муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ёдовар шуда, самтҳои афзалиятноки робитаҳои фарҳангӣ дар меҳвари мулоқот қарор гирифт. Ҳамзамон, ҷонибҳо густариши минбаъдаи робитаҳо дар бахшҳои марбут ба фарҳангро муҳим шумориданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
