Мулоқоти вазири фарҳанг бо роҳбарони ҳайатҳои театрҳои иштирокчии «Наврӯз»

Дар ҳошияи баргузории Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ –“Наврӯз”, ки бо иштироки ҳайатҳои театрии кишварҳои Арманистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон идома дорад, 5 майи соли равон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои театрҳои мазкур доир гардид.

Зимни мулоқот масоили марбут ба робитаҳои байниҳамии театрҳо ва табодули таҷрибаҳо ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди санъати театрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ширкатдорони мулоқот аз ҷараёни баргузории ҷашнвора изҳори ризоят намуда, идомаи чунин иқдомотро баҳри рушди соҳаи театр зикр намуданд.

 

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *