20-уми майи соли равон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин мулоқоти роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлат бо доктори илмҳои санъатшиносӣ Камила Дадашзаде ва директори Филармонияи давлатии ба номи Фикрат Амирови шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон Айгюн Самедзаде, роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ташкили фестивалҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалӣ, консертҳои муштарак, дарсҳои маҳорат, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди баррасӣ гирифтанд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
