Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати Саидмурод Мардонов- Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ситораи пурҷилои театру синамои тоҷик, сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъату ҳунар, ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Саидмуроди Мардон на танҳо ҳунарманди барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарманди асил, ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Саидмуроди Мардон баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсил кардаст ва баъди хатми мактаби олӣ дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, таи солҳои 1964—1966 ба ҳайси актёр фаъолият намудааст. Аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 то лаҳзаи охири умр дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дошт.
Ёди ин ҳунарманди асил ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони санъати асил гиромӣ аст.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон
