Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардида, ҳамчун таҷриба дар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Имрӯз бори дигар ин андеша шаҳодати таърихии худро дарёфт, зеро Пешвои миллати мо бо пешниҳоди қабули қатъномаи махсус таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳхоҳ муаррифӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои со­ҳиб­истиқлолӣ муносибатҳои диплома­тиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар дои­раи принсипи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тамоми халқиятҳои ҷаҳон ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷаҳон ва минтақа ба роҳ мондааст.

Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон му­носибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз 14 январи соли 1993 оғоз намудааст, ки робитаи дӯстонаи ин ду кишвар таърихи бисёрсола доранд.

Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Ҳамкориҳои сиёсии байни ду кишвар дар Шурои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шурои вазирони корҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Машваратҳои сиёсӣ байни роҳбарият ва воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд.

Пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду­ҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 100 санадро дарбар мегирад.

Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онҳо принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир раванди баррасии масъалаҳои сар­ҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла, масъалаҳои таъини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ пурра ба анҷом расид, ки ҳалли он ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза бахшид.

Кишварҳо чун анъана дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.

Боиси тазаккур аст, ки 12 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин барои барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйдоди таърихиест, ки орзуи ҳазорҳо нафар мардуми ин ду кишвари дӯсту бародар буд.

Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Наргис Артикова

мудири шуъбаи тарбияи филиали ДТТ дар шаҳри Исфара 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *