Оилаи омӯзгорон

Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Темурмалик оилаи Раҳмоновҳоро оилаи омӯзгорон меноманд, зеро ки аъзои ин оила касби омӯзгориро пешаи худ намуда, солҳост, ки барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

ОМӮЗГОРИ НАВОВАР

Ҳилолбӣ Азимова 21-июни соли 1966 дар ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 1983 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаро хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ба факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шуд. Сипас, соли 1987 Донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм намуд.

Ҳилолбӣ фаъолияти омӯзгорияшро ба ҳайси омӯз­гори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 оғоз намуд.

Ӯ дар давраи фаъолияти кориаш худро ҳамчун омӯзгори навовар ва бомасъулият дар байни ҳайати омӯзгорон нишон дода тавонист. Оре, касби омӯзгорӣ бениҳоят душвор асту заҳматталаб. Ҳилолбӣ ба ҳамаи душвориҳои пешаи интихобкардааш нигоҳ накарда ҳамеша кӯшиш менамояд, ки аз уҳдаи ин касби пуршараф бомуваффақият барояд. Ҳилолбӣ аз соли 2001 то инҷониб дар муассисаи таълимӣ роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои забон ва адабиётро ба уҳда дорад. Котиби Шурои педагогии мактаб низ ҳаст.

ДАСТОВАРДҲОИ ШОГИРДОН

Ҳилолбӣ Азимова дар дарсҳояш аз усули нави салоҳиятнокӣ истифода бурда бозиҳои гурӯҳӣ мегузаронад, то ки шогирдон дарсро хуб аз худ намоянду дар хотираашон нақш бандад. Ҳилолбӣ дар дарсҳояш ба шогирдон мудом таъкид менамояд, ки ба ғайр аз китобҳои дарсӣ боз китобҳои бадеии шоирону нависандагони муосир ва классики тоҷик, инчунин, адабиёти хориҷиро мутолиа намоянд, то ин ки ғизои маънавӣ гиранд, саводнокияшон беҳтар гардаду, ҳам дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ғолибият ба даст оваранд. Ҳамаи ин заҳматҳои муаллима бар абас нарафтанд, зеро ки шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок варзида сазовори ҷойҳои намунавӣ гаштаанд. Онҳо аз озмунҳо бо сари баланд, бо медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ баргаштанд, ки ин ифтихори омӯзгор, мактаб, деҳа ва ноҳия мебошад. Шогирдонаш Шаҳноза Абдуллоева, Моҳира Азимова, Таманно Қаюмова, Мафтуна Полвонова, Нозанин Азимова дар олимпиадаҳои вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ширкат варзида, сазовори ҷойҳои аввал гаштанд. Ҳамза Абдуллоев бошад дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, сазовори ҷойи намунавӣ ва туҳфаи пулӣ шуд.

ПЕШҚАДАМ

Маъмурияти мактаб барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам дар даҳлези мактаб усули дарсҳои намунавии омӯзгорро бо шогирдонаш гузоштанд, то ки омӯзгорони ҷавон аз ин омӯзгори муваффақ ибрат гирифта, методи дарсдиҳии ин омӯзгори асилро дар дарсҳои худ истифода намоянд. Ӯ ба омӯзгорони ҷавон ҳамеша таъкид менамояд, ки худомӯзӣ намуда, дар ҷустуҷӯи илм бошанд. Ҳилолбӣ Азимова меболад, ки 36 соли умри бобаракати худро дар ин муассисаи таълимӣ ба тарбияи насли наврас бахшидааст, ва ин маконро мисли хонаи дуюми хеш медонад.

Ҳамаи заҳматҳои софдилонаи Ҳилолбӣ Азимоваро ба назар гирифта, ӯро аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд. Ҳилолбӣ на танҳо дар мактаб фаъол аст, балки дар ҳамаи ҷашну маросимҳои ҷамоат ва ноҳия бо масъулияти баланд иштирок намуда, саҳми арзандаи хешро барои ободу зебо ва гулгулшукуфоии деҳа ва ноҳияи худ мегузорад.

НАМУНАИ ИБРАТ

Ҳилолбӣ Азимова на танҳо омӯзгори пешқадаму ботаҷриба дар мактаб аст, инчунин, дар хона зани соҳибҳунар, модари меҳрубон ва бибии ғамхор мебошад. Пеш аз ҳама нақши ҳамсарӣ, модарӣ ва бибигиашро иҷро намуда хӯрокҳои бомазза пӯхта ба дастархон мегузорад. Бо гуфти ҳамсояҳо муаллима ҳамсояи хуб ва кадбонуи беҳтарини хона буда дар кору зиндагӣ намунаи ибратанд. Дасти сахо дошта, дар туйу маъракаҳои ҳамдеҳагон ёрии худро дареғ намедорад.

Шавҳараш Суҳроб Раҳмонов низ омӯзгори пеш­­қадами мактаби номбурда буд, ки солҳои дароз якҷоя ба завҷааш ба насли наврас сабақ меомӯхтанд. Ӯ дар мактаб чандин сол ҳамчун ҷонишини директор оид ба таълим кору фаъолият дошт. Баъди гузашти солҳо Суҳроб Раҳмоновро ҳамчун шахси кордону бомасъулият раиси ҷамо­ати деҳаи Танобчӣ таъин намуданд. Вай дар ҷамоат низ худро чун шахси меҳнатдӯсту кордон нишон дода тавонист. Дар давраи раисиаш дар ҷамоат хеле пешравию навовариҳо оварда, айни ҳол, котибии ҷамоати деҳаи мазкурро ба уҳда дорад. Самараи умри бобаракати ин оилаи тифоқ 4 фарзанд ва 14 набера мебошад. Онҳо фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардонданд, ки ҳар яки онҳо дар ҳар гӯшаи диёрамон мавқеи худро ёфта, ҳамчун волидайни худ пешаи омӯзгориро интихоб намуда, насли наврасро тарбия менамоянд. Онҳо соҳиби оилаи солим ва фарзандони дустрӯяк ҳастанд. Саъдӣ омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ буда, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Давлат дар паҳлуи модар дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ буда, ӯ низ соҳиби 4 фарзанд мебошад. Духтарони хонадон Мавзуна ва Мунира низ омӯзгоранд, яке хатмкунандаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, дигаре хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода. Ҳарду оиладор буда, соҳиби фарзандони дустрӯяк ҳастанд. Айни ҳол, Мунира дар шаҳри Хоруғ истиқомат дорад. Ӯ ҷавондухтари боистеъдоди давраи истиқлол буда, дар озмуни “Мураббии сол” иштирок намуда, сазовори ҷойи намунавӣ гашт ва бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаи пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Ин оилаи намунавию соҳибэҳтиромро ҳамчун намунаи ибрат дар ноҳияи Темурмалик ҳамагон мешиносанду дар ҷашну чорабиниҳои ноҳиявӣ даъват намуда, бо сипосномаву ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ менамоянд.

ШУКРГУЗОРӢ

Оилаи Раҳмоновҳо ифтихор аз он доранд, ки дар давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар фазои осудаи диёри хушманзар ва обод умр ба сар мебаранд. Онҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар ободониву пешравии халқу давлати худ ва таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Фарзандони хонадон ифтихор аз он доранд, ки дар чунин оилаи тифоқу солим ва волидайни бофарҳангу соҳибэҳтиром ба воя расидаанд. Набераҳои ин хонадони хушбахт дар мактабҳои замонавӣ ва боғчаҳои барҳаво бо шароитҳои хуб таҳсил намуда истодаанд. “Азбаски дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, орзу мекунем, ки дар Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистон тинҷию амонӣ, дӯстию осоиштагӣ ҳукмфармо бошаду дар фазои он хушу хурсандона умр ба сар барем”, – мегӯяд омӯзгори соҳибтаҷриба Ҳилолбӣ Азимова.

Саодат Урозова

омӯзгори МТМУ №3-и ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *