Сабаби пайдоиш ва роҳҳои табобати он
Дарди меъда бисёртар дар фасли тирамоҳ ва баҳор авҷ мегирад. Тавре табибон мегӯянд, пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Аз ҳамин хотир, дар бораи сабабҳои пайдоиши захми меъда ва роҳҳои табобати он ба шумо маълумот медиҳем.
Меъда ин узв ё ин ки халтачае мебошад, ки ғизо ва оби истеъмолӣ дар он ҷамъ гардида, бевосита раванди химиявӣ ва механикӣ коркарду ҳазми ғизоро дар бадан таъмин мекунад. Захми меъда ба иллатнокии пардаи луобии меъда алоқамандӣ дорад. Дар вақти вайрон шудани кори ин узви ҳаётан муҳимми инсон шираи меъда девори меъдаро ба қавле “мехӯрад” ва дар натиҷа захмҳо пайдо мешаванд. Бемории меъда аз дигар узвҳое, ки беморанд бо он фарқ мекунад, ки баъди гузаштани курси пурраи табобат ва ба худ омадани мариз низ дар девори меъда осори захмҳо боқӣ мемонад.
САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ БЕМОРӢ
Омилҳои гирифторӣ ба захми меъда зиёданд. Вале сабаби асосии он реҷаи нодурусти хӯрокхӯрӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои бирёниву сахт, тезу тунду шӯр аст, инчунин бисёр дору истеъмол кардан бе рухсати духтур ва асабонияти шадид ба пайдо шудани захм дар меъда сабаб мешавад.
Аз ин беморӣ бештар одамони синнашон 25-50-солае, ки реҷаи корашон вазнин буда, ҳамеша дар ҳолати изтироб қарор доранд ва инчунин, асабониянд ва боз шахсоне, ки одатҳои бад доранд, ба монанди (сигоркашӣ, шаробнӯшӣ) азият мекашанд.
ТАБИБОН БОЗ ЯКЧАНД НАМУДИ ИН БЕМОРИРО МУАЙЯН КАРДАНД.
Бактерияҳои хеликобактер, дар 50%-и ҳолатҳо маҳз ҳамин бактерияҳо инсонро ба захми меъда гирифтор месозанд.
Истеъмол кардани доруҳои зидди шамолхӯрӣ дар муддати дурудароз ба захми меъда гирифтор карда метавонад.
Захми меъда метавонад баъди аз сар гузаронидани дигар бемориҳо ба монанди бемории сил ва саратон низ ба вуҷуд ояд.
Захми меъда бемории хусусии ирсӣ буда, он аз насл ба насл мегузарад.
НИШОНАИ АСОСИИ ЗАХМИ МЕЪДА
Ин дарди шадид аст. Агар захм ба тозагӣ пайдо шуда бошад, дард баъди хӯрдани хӯрок пайдо мешавад ва бо нӯшидани каме оби гарм дард мегузарад. Пас аз хӯрдани хӯрокҳои хамирӣ, тезу тунд ва инчунин, шӯр меъда ба дард медарояд ва дар сурати аз ин хӯрокҳо даст кашидан дарди меъда худ аз худ гум шуда, инсон худро комилан солим эҳсос менамояд, аммо ин хомӯшӣ муваққатист.
РОҲҲОИ ТАБОБАТ
Дар ҳолати гирифтор шудан ба захми меъда ҳатман ба табиб муроҷиат кунед. Барои табобати захми меъда тибби халқӣ гиёҳҳои зеринро дар ин тавсия мекунад: бобуна, барги зуф, пудинаи боғӣ, решаи мармарак, тухми зағир, гули ҳамешабаҳор…
- Агар меъдаатон сахт дард кунад барги зуф, гули меваи настаран, гули дарахти олу ва гули дарахти себро бо миқдори баробар гирифта, омехта намоед ва 3-қошуқ аз ин чизи тайёр кардаатон ба зарф андохта аз болояш ним литр оби ҷӯш резед, даҳони зарфро маҳкам карда монед ва чанд соат дар ҷойи торик гузоред. Баъдан (4-5 соат), рӯзе се-чор маротиба пеш аз хӯрок аз ин гиёҳоб нимпиёлагӣ бинӯшед.
- Тавсияи дигар як пиёла биринҷро шуста ба дег андозед ва аз болояш 2 пиёла об рехта, то пухтанаш ҷӯшонед, баъд полоида, ҳамон оби биринҷро дар як рӯз 3-4 маротиба бинӯшед. Аллакай рӯзи дуюм оби биринҷ дарди шуморо таскин мебахшад ва дигар ба дорую дармон ҳоҷат намемонад.
Дилороми Раҷаб
