Дар ҳошияи Ҷаласаи 22-юми вазирони фарҳанги давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай санаи 06-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Ели баргузор гардид.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳо ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
