Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Абдушукурова Тамара Махсумовна сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикони ин ситораи пурҷилои соҳаи фарҳанг, ҳамдардии амиқ баён менамояд. 

Тамара Абдушукурова намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин дилдодаи фарҳанг ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.

Ёди собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони фарҳангу санъати асил гиромӣ аст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *