ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рўзноманигорон “Озмуни ҷумҳуриявии рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин” – ро эълон менамояд.

Довталабон метавонанд, аз рўзнома ё маҷаллаи давлатию мустақили солҳои 2024 — 2025 дар ҷумҳурӣ нашршуда, ба тариқи интихобӣ (аз маҷалла 5 шумора 1 нусхагӣ, аз рўзнома 10 шумора 1 нусхагӣ) бо ариза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ғолибон дар се номинатсия (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ/шаҳриву ноҳиявӣ, соҳавӣ) бо ҷойҳои I, II, III ва мукофоти пулӣ (3000, 2000 ва 1000 сомонӣ) қадрдонӣ мегарданд.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо 1 декабри соли 2025.

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Вазорати фарҳанг egov.tj/site/farhang-tjk

тел: +992 918 64 17 72; 223-14-74; 221-40-65; 221-03-00.

Email: raysati_tnm@mail.ru

Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *