ИСТИҚЛОЛ – АСОСИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Имсол мардуми сарбаланди тоҷик 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил менамояд. Гарчанд ин муҳлат аз рӯйи ченаки таърихӣ на он қадар тулонӣ аст, вале дар давоми наздики севуним даҳсола дар мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳое ба сомон расонида шуданд, ки аз лиҳози моҳияти сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ арзиши садсолаҳоро дорад.

Хоса, Истиқлоли давлатӣ ба мо истиқлоли фар­ҳангиро фароҳам овард, ки тавассути он мо на танҳо орзуву омол ва ормонҳои миллии хешро эҳё намудем, балки рушду таҳким бахшидем.

Имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг ва соҳиб­маърифат мешиносанд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо оғози давраи нави давлатсозиву худшиносӣ, балки заминаи рушди бесобиқаи соҳаи табъу нашр ва матбуот гардид. Дар давраи истиқлол сиёсати фарҳангӣ ва иттилоотии кишвар зина ба зина таҳким ёфт, ки натиҷаи он эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва густариши фазои иттилоотии озод мебошад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №97 “Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ”, то 10 июли соли 2025 дар вазорат бештар аз 350 рӯзномаву маҷаллаи давлатию мустақил ба қайд гирифта шудааст, ки баёнгари рушди матбуо­ти ватанӣ таи солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат ба рушду инкишофи табъу нашр низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ба шарофати барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, “Барномаи рушди соҳаи табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022–2026”, имкониятҳои техникиву иттилоотии нашриётҳо навсозӣ гардида, теъдоди чопи китоб ба маротиб афзоиш ёфт. Айни замон, дар кишвар 99 матбаа, аз ин 21 давлатӣ ва 78 мустақил, 31 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ ва 30 мустақил ва 15 нашриёт, аз ин 7 давлатӣ ва 8 мустақил фаъолият доранд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд.

Боиси таъкиди алоҳида аст, ки ҳамаи ин даст­овардҳоро бидуни саҳми арзандаи бонувону духтарони соҳибкасби соҳа тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Зеро нақши занон дар таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди фарҳанг беназир аст.

Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд: «Занон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи асосии рушди маънавии кишвар мебошанд».

Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳо мо заҳмати бонувони меҳнатдӯсту қавииродаро эҳсос ва қадр мекунем. Дар баробари мардон заҳмати софдилонаи занону духтарони тоҷик аст, ки соҳаи табъу нашр ва матбуо­ти ватанӣ рӯз аз рӯз рушду такомул меёбад ва дар баъзе маврид бо нигоҳи латифу борикбин моҳияту муҳтавои онро зебову рангинтар месозад.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи занону духтарони соҳаи фарҳанг, хоса табъу нашр ва матбуоти тоҷикро ба муносибати муқаддастарин ҷашни миллию давлатиамон — Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, муваффақият дар кору пайкор таманно мекунам.

Бигзор Истиқлоли давлатӣ пояндаву устувор бошаду мардуми сарбаланди тоҷик аз самараи неки он абадӣ баҳравар гардад.

Иброҳим Аҳмад
Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *