Мамониятҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ тибқи қонунгузории муқовимат ба коррупсия

Имрӯзҳо зуҳури падидаи коррупсия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба хатари ҷиддие табдил ёфта, он ба рушди мутаносиби давлату ҷамъият таҳриму монеаҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Дар замони муосир хавфу омилҳои коррупсионӣ дар шаклҳои нав ба нав зоҳир гашта, ба фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, баргузории чораҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёт халали ҷиддӣ ворид месозад. Табиист, ки пешгирӣ накардани сарчашмаҳои пайдоиши ин падидаи манфур ҳамаҷониба таъсири манфии худро расонида, дар ниҳоят ба поймол шудани ҳуқуқ ва коста гардидани боварии шаҳрвандон нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ оварда мерасонад.

Зимнан муҳиммияти масъалаи мазкурро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ оиди ҳарчӣ бештар кам кардани омилҳои коррупсионӣ таъкид намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ мунтазам вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» дар таъихи 7 августи соли 2020, №1714 идомаи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ буда, қабули ин санади қонунгузорӣ роҳи муосир ва самараноки сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия муқаррар намуд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи меъёрҳои Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки таҷрибаи пешгирии коррупсия, алалхусус муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ дар мадди аввал гузошта шудааст.

Дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» чораҳои пешгирии коррупсия нишон дода шудаанд, ки дар байни онҳо муқаррар намудани талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ҷорӣ намудани мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда мавқеи муҳим дорад.

Бояд қайд намуд, ки ин меъёрҳо танҳо бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ замина мегузоранд, нигаронида шудааст.

Аз ҷумла моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинӣ менамояд, ки шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:

1) доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;

2) агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;

3) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс;

4) надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳатмӣ мебошад;

5) бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ӯ ба мансабҳое, ки онро хешовандони ӯ ишғол кардаанд;

6) дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъин ё интихоби чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;

7) мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Мамониатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба мансабҳои ташкилоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, татбиқ карда мешавад.

Дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» вобаста ба ду ҳолате, ки барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳамчун мамониат эътироф карда шудааст, қайд мегардад, ки  шахс дар мавридҳое, ки агар барои содир намудани ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дошта бошад, ҳамзамон барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад, наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад.

Агар шахс барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳ­кум шуда бошад, ҳолати мазкур новобаста аз барҳам хӯрдан ё бардошта шудани доғи судӣ ҳамчун мамониат барои таъин ё интихоб шудан ва будан дар хизмати давлатӣ, мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ бо таҳлили масоилҳои дар боло овардашуда мо ба таври комил гуфта метавонем, ки риояи мамониатҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда зимни таъин ва интихоб шудан дар мансаби давлатӣ омили асосӣ ва маҳаки пешбаранда дар самти муқовимат ба коррупсия мансуб ёфта, ҷиҳати пешгирии дигар қонунвайронкуниҳо мусоидат менамояд.

Акмалзода Нодир Носир
Сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *