Мо мардуми шарифи Тоҷикистонро даврони сию чор соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба дигаргуниҳои бузургу бесобиқа насиб гардонидааст, ки амалисозии сиёсати Президент, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, бавижа, забони давлатӣ аз зумраи талош ва дастовардҳои ин замон аст. Бе ҳеҷ шакку шубҳа месазад зикр намуд, ки пешоҳанг ва ташаббускори ин ҳама иқдомҳои наҷибу созанда дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сарвари давлат дар як суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон таъкид мефармоянд: «Ҳоло дар даврони Истиқлол марҳилаи нави рушди забон оғоз шудааст. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ имрӯз дар ҷомеа дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар васоити иртиботот қарор дорад. Бо дарназардошти далелҳои фаровони таърихӣ дар бораи ҳастии забонҳо, миллатҳо ва давлатҳо таъкиди ин нукта, ки забони мо омили муҳимми пойдории миллат мебошад, бар пояи воқеияти илмӣ устувор гардидааст. Дар иртибот ба ин нукта, воқеан, миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тули таърих дидааш, маҳз, бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллат зинда мондааст».
Забони давлатию расмии давлати миллии мо – Тоҷикистони азизи озоду соҳибихтиёр забони тоҷикист ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ баён шудааст.
Баъди оне ки аз соли 1989 нахустистиқлоли мо тоҷикон бо ҳифзу ҳимояи забон ва рушди он дар ҷомеа оғоз гардидаву забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, Қонуни забони тоҷикӣ рисолати худро тули 20 сол иҷро кард. Ҳамзамон, дар ҷомеа бо дарназардошти рушди бемайлони тамоми қишри ҷомеа зарурат пеш омад, то як қонуни мукаммал таҳия карда шавад, то баҳри пешрафти ҷомеаи миллии мо хидмат карда тавонад.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушду инкишофи мақоми забони давлатӣ равона мешаванд. Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, №604 таъсис ёфтааст, то имрӯз дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон назаррас аст.
Бо ташаббуси Пешвои миллат қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушди забони миллии мо заминаҳои хуби ҳуқуқиро фароҳам овард, ки натиҷаҳои он дар замони на он қадар тулонӣ хеле хуб мушоҳида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки таҳияи лоиҳаи ин Қонун ва пешниҳоди он, ҳамчунон ки Сарвари давлат фармудаанд, дар иртибот ба забони тавонои давлатии мавриди истифода дар умури сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, қонунгузорӣ ва асноди дигари ҳуқуқиву коргузорӣ, илму фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва ҳама васоити дигари иртиботот тақозои замони муосир дониста мешавад.
Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба ин муқаддасот 5-уми октябри соли 2009 Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октбяри соли 2009, №11 иҷрои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дошта, назорати иҷрои Қонунро дар вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
Дар суханронии Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забон 5 октябри соли 2010 нуктаи хеле муҳим дар иртибот ба истифода аз захира ва тавоноии яке аз сарватҳои арзишманди забонамон осори даврони Сомониён таъкид шудааст. Воқеан, дар ин давраи ташаккули забон дар манотиқи Хуросону Мовароуннаҳр нақши забонҳои суғдиву бохтарӣ ва дигар унсурҳои лаҳҷаҳои маҳаллӣ хеле назаррас арзёбӣ мешавад, ки бештари чунин унсурҳои куҳан то ба имрӯз дар бархе аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ пойдор мебошанд.
Тадбири бисёр муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин таҳия ва қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” мебошад, ки он 28-уми ноябри соли 2020, №647 ба тасвиб расидаву мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардидааст.
Барномаи мазкур бо мақсади бартараф намудани ҳама гуна мушкилот дар самти забон таҳия гардида, ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, фарҳангномаҳо, муҳовараҳо ва маводи таълимӣ, эҳёи номҳои миллӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат намуда, бо баррасии лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, фарҳангномаҳои тахассусӣ, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хурокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор додан ва истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудан дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа мувофиқи мақсад мебошад.
Бо мақсади амалисозии Нақшаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҳисоби мутахассисон ва барномасозони маҳфили “Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ”-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор кардан бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ карда шуд, ки он аз рӯзи 9-уми майи соли сипаришуда (2024) дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад, ки он неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад.
Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи ин Барнома муносиб ва осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қадами нек ба пеш аст.
Чуноне огаҳем, истиқлоли ҳар кишвари мустақил аз ҳимояи забонаш оғоз мегардад ва нисбат ба ин ақида Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон (11 сентябри соли 2006) фармудаанд: “Истиқлол бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад. …Зиёиёни мо, чун посдорони забони ширин ва шоиронаи тоҷикӣ дар самти инкишоф додан ва покиза нигоҳ доштани он бояд боз ҳам корҳои бештареро анҷом диҳанд.”.
Воқеан, мо соҳибзабонон ва мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки бо фарҳанги баланду маърифати воло барои равнақи забони ноби тоҷикӣ, ки мақоми давлатиро дорост, боз ҳам бештар ғамхорӣ намуда, онро ҳамчун дурри маънавӣ ва гавҳари қиматбаҳои миллӣ ҳифз намоем, то ҷаҳониён фардо аз дастовардҳои барои башарият офаридашуда ва офаридашавандаи забони мо баҳраманд гарданд.
Раҳим Зулфониён
Сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими
истилоҳи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
