Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба паҳн гардидани иттилооти носаҳеҳ дар бархе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба омори фаъолияти рӯзномаву ҳафтаномаҳо, изҳор менамояд, ки дар нишасти матбуотии Вазорат, ки 26 январи соли 2026 баргузор гардид, фарқияти омори баҳисобгирии рӯзномаҳо дар солҳои 2024 ва 2025 аз ҷониби бархе намояндагони ВАО нодуруст шарҳ дода шуда, дар фазои иттилоотӣ хулосаҳои беасос ва ғалат паҳн гардиданд.
Бо мақсади пешгирии таҳрифи воқеият ва таъмини шаффофияти иттилоотӣ, Вазорати фарҳанг зарур мешуморад, ки мавқеи расмии худро ба таври возеҳ ва қотеона иброз намояд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №97, «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ», Вазорати фарҳанг мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти баҳисобгирии матбуоти даврӣ маҳсуб мешавад.
Дар асоси муқаррарот, ҳар як нашрия пас аз анҷоми муҳлати се сол муваззаф аст аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Дар сурати муроҷиат накардан, нашрия аз рӯйхати оморӣ муваққатан хориҷ мегардад, аммо ин ҳолат маънии қатъ гардидани фаъолиятро надорад.
Тибқи омори расмии Вазорати фарҳанг, соли 2024 — 67 рӯзномаи мустақил ва соли 2025 — 61 рӯзнома дар қайди давлатӣ қарор дошт.
Фарқияти 6 адад дар омор на натиҷаи баста шудани рӯзномаҳо, балки паёмади муроҷиат накардани онҳо барои аз нав баҳисобгирӣ то санаи таҳияи омор — 5 январи соли 2026 мебошад.
Аз ин теъдод танҳо фаъолияти 2 ҳафтанома бинобар қатъ гардидани фаъолияти муассисон бо қарори суд расман қатъ карда шудааст.
Ҳама гуна талқине, ки фарқияти рақамии оморро ҳамчун «басташавии даҳҳо рӯзнома» нишон медиҳад, комилан нодуруст, ғайрикасбӣ ва мухолифи воқеияти ҳуқуқӣ мебошад.
Вазорати фарҳанг таъкид менамояд, ки:
• омори баҳисобгирӣ нишондиҳандаи ҳуқуқӣ мебошад, на сиёсӣ;
• тағйирёбии он раванди муқаррарии маъмурӣ маҳсуб меёбад;
• кам ё зиёд гардидани рақамҳо ҳеҷ гоҳ далели маҳдудсозии фаъолияти ВАО нест.
Вазорат аз намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват менамояд, ки ҳангоми пешниҳоди иттилооти марбут ба соҳаи ҳассоси матбуот принсипҳои масъулияти касбӣ ва ахлоқи журналистиро риоя намоянд.
Паҳн намудани иттилооти носаҳеҳ ва таҳрифшуда метавонад дар ҷомеа ба таври сунъӣ нофаҳмӣ ва нигарониро замина гузорад, ки ин бо рисолати журналистикаи ҳирфаӣ созгор нест.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор менамояд, ки дар соли 2025 танҳо фаъолияти 2 ҳафтанома бо қарори суд қатъ гардидааст ва дигар иттилоот дар ин замина асоси воқеӣ надорад.
Вазорат минбаъд низ сиёсати шаффофият, риояи қонун ва ҳамкории судманд бо ВАО-ро идома дода, омода аст ҳамаи масъалаҳоро дар доираи қонунгузорӣ шарҳ диҳад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумуҳурии Тоҷикистон
