ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР

Рӯзгору сарнавишти инсонҳои нексиришту дарёдил, ки ҳама шебу фарози зиндагиро бо сабуриву таҳаммул пушти сар намудаанд, дар пайроҳаи рӯзгор сабақи бузург ба шумор рафта, насли имрӯзро мебояд аз он дарси ибрат омӯзанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуби мо оилаҳои намунавӣ бешумор буда, ҳаёту қисмати онҳо сарчашмаи ифтихори наслҳои оянда ба шумор мераванд.

ХОНАВОДАИ МУАЛЛИМ

Истаравшан аз зумраи шаҳрҳои қадимии меҳан ба шумор рафта, бо урфу одат ва анъанаҳои аз ниёгон ба мерос монда, маҳбубу машҳур гаштааст. Фарзонафарзандони ин мулки бостонӣ бо кору амали созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми сазовор гузошта, аз худ номи нек ба ёдгор мондаанд.

Достони хонаводаи номдори ин диёрро варақгардон мекунем…

Омӯзгор Раҳимҷон умри хешро ба касби пуршарафи омӯзгорӣ бахшида, шогирдонро дар роҳи илму ирфон тарбия намуда, ба онҳо дониш андӯхта, аз хеш номи нек монд. Шогирдони ӯ чун нахли пурбори роҳи маърифат ба хидмати Ватан камар баста, ҳар яке номбардори ёру диёри хеш гардида, аз устодашон ба некӣ ёд мекунанд.

Дар айёми ҷавонӣ Раҳимҷон сарнавишти хешро ба Гулнора пайваст.

Онҳо дар шоҳроҳи бекаронаи зиндагӣ бо ҳамдигар бо ишқи поку беолоиш оила бунёд намуда, аз ин муҳаббати пок ду фарзанди нозанин — Собирҷон ва Дилрабо чашм ба олами ҳастӣ кушода, рӯзгори онҳоро зебо намуд. Вале қисмат чунин буда, ки Раҳимҷон барвақт аз олам чашм пӯшид.

Гулнора Умарова бошад, ҳамчун духтури дандонпизишк дар уассисаи давлатии Дандонпизишкии шаҳри Истаравшан фаъолият намуда, ду фарзандашро ба воя расонид…

Гулнора чун зани нексиришту покниҳод дар китоби «Пайроҳаи сарнавишт»-и хеш аз ҳамсари дарёдилаш, бо оҳанги садоқат ёд оварда, ба умқи хотироти қисмат сафар намуда, ба ёди рӯзҳои гузашта ашк рехта, хешро таскин медиҳад…

ФАЙЗИ РӮЗГОР

Пас аз реҳлати падар бобову бибии маърифатпарвар Нуъмон Шораҷабов ва Фатҳия Ҳайдарова дар канори Гулнора истоданд ва ба тарбияи Собирҷону Дилрабо машғул шуданд.

Ин ду шахсият ходимони намоёни давлатӣҷамъиятӣ буда, миёни мардуми шаҳри Истаравшан ва берун аз он соҳиби иззату икроми хосаро соҳиб буданд.

Нуъмон Шораҷабов ҳамчун хидматчии давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан фаъолияти босамар намуда, дар пешрафту шукуфоии ин шаҳри бостонӣ саҳми созгор гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия намудаанд. Фатҳия Ҳайдарова сӣ сол ба ҳайси мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан кор карда, миёни занону бонувон ҳурмату эҳтироми хоса дошт.

Ҳарду инсонҳои рӯзгордида ҷаҳду талош меварзиданд, ки Дилрабо ва Собирҷон чун сулолаи некном дар ҷомеа шахсиятҳои муътабар гардида, хидматашон ба халқу диёр бирасад.

Имрӯз ин ду шахсият миёни мо нестанд, аммо кору амали некашонро мардум ба некӣ ёд мекунанд ва фарзандону пайвандон шамъи хотирашонро фурӯзон нигоҳ медоранд.

АЗ ТАБОРИ ОЗОДАЗОДАГОН

Дилрабо ҳанӯз дар синфи якум таҳсил мекард, ки бо тавсияи модараш ва муаллими мактаб Абдуманнон Ҳусейнзода ба ҳифзи достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ оғоз намуд.

Соли 1996 дар синни 10-солагӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ширкат карда, ғолиби ҷойи аввал гардид. Ин дастовард боис гардид, ки Дилрабои ташнаи илму адаб бо дастгирии Роҳбарияти Олии мамлакат бахшида ба 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба Эрон сафар намуда, дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» ширкат варзида, порчаеро аз достони «Рустам ва Суҳроб» бо маҳорати баланд қироат намуда, сазовори ҷойи намоён шавад.

Ӯ бо ифтихор иброз медорад, ки меҳру муҳаббати шеъру адабиёт дар қалби ман, маҳз, аз «Шоҳнома» шуъла афрӯхту дигар ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад.

Имрӯзҳо ӯ бо эҳсоси муҳаббат аз иштироки худ дар озмунҳои шаҳрии «Заковат», «Хонандаи сол» ва «Ровии беҳтарин», ки дар шаҳри Истаравшан доир мегардид, ёд меоварад.

ДАР ҶОДАИ ХУДАФРӮЗӢ

Дилрабо ҳамчун аввалин гирандаи стипендияи Президентӣ дар шаҳри Истаравшан ба шумор рафта, ғолиби олимпиадаи фаннӣ дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик дар даври ҷумҳуриявӣ гашт.

Зан — Модар дарку эҳсоси аҷибе дорад, ҳама бурду бохти ҳаёту зиндагиро чун имтиҳони бузурги қисмат шуморида, бо гузашти вақт онро чун дарси ибрат дар рӯзгори хеш ба кор мебарад. Дилрабо вақте бузург шуд, ба маънӣ ва мафҳуми рӯзгор бештар сарфаҳм рафта, дар зеҳни хеш танҳо фикри дониш андӯхтанро мепарварид.

Аз ин рӯ, назди худ ҳадафу мақсад гузошт, ки мактаби миёнаро бо хониши аъло хатм намояд, соҳибмаълумот гардида, дастёру муттакои қалби нозуки модар гардад. Пас аз хатми муваффақонаи Гимназияи №4 ба номи Раҷаб Амонови Истаравшан соли 2004 ба факултети суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, ин боргоҳи илму ирфонро соли 2008 хатм намуд.

Ба хотири тақвияти дониши хеш, иловатан, соли 2015 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, ин даргоҳро соли 2019 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд.

Ҳоло унвонҷӯйи кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, зери роҳбарии Расулҷон Солиҷонов дар мавзуи «Фарҳанги мактаби давлатдории тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ» (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ) ба пажӯҳиши илмӣ машғул мебошад.

ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дилрабо Раҳимӣ дар ҷодаи сиёсат худро дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморад. Ин бонуи фарҳангсолор бо дасти дуои модар ва бузургони авлоди номвари хеш фаъолияти меҳнатиро аз касби пуршарафи омӯзгорӣ оғоз намуда, солҳои 2005–2010 дар МТМУ №22 ноҳияи Спитамен ба шогирдон сабақи илм омӯзонидааст. Аз соли 2010 то инҷониб дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунад. Ҳоло муовини раиси ноҳия мебошад.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки зери сарпарастии ӯ соҳаҳои фарҳанг, маънавиёт ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодааст. Ӯ чун бонуи равшанфикр муваффақияту комёбиҳои занону бонувони кишварро самараи ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморад. Ҳамчун Зан — Модар ҷаҳду талош менамояд, ки саҳми хешро дар пешрафту шукуфоии ватан гузорад.

«Ифтихормандона иброз медорем, ки занону бонувони ноҳияи Спитамен чун дигар модарони саодатманди кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободии Спитамени номдору маҳбуб қадами устувор ниҳода, насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда истодаанд» – мегӯяд ӯ.

Зикр намудан ба маврид аст, ки заҳмату талошҳои Дилрабо Раҳимӣ дар масири хидмат ба халқу диёр аз ҷониби Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шудааст.

Инчунин, барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди соҳаи маориф бо унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ин бонуи хуштолеъ соҳиби оилаи нексиришт ва модари се духтари нозанин буда, дар фазои орому осудаи меҳан рӯзгори осудаҳолона дорад.

Шукургузор аз он аст, ки занону бонувони кишвар дар партави дастгириҳои Раҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, имрӯз дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият доранд.

✍️ Акбар Абдусамадов

©️ Маҷаллаи «Фирӯза», 2025, ✓11-12.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *