ФАРҲАНГ ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои фарҳанги тоҷик»

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму фарҳанг Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои фарҳанги тоҷик» баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки нишасти имрӯза бо мақсади муайян намудани самтҳои таъмини ҳамгироии фарҳанги миллӣ ба фазои муосири фарҳангии ҷаҳон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги замони истиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, арзишҳои таърихию забонӣ, ваҳдати миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шуда, дар ибораи маъруфу баландғояи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» яке аз ҷанбаҳои асосии ҳастии миллат дар олами маънавиёт ифода ёфта, он сипари фарҳангӣ ва кафолати бақои миллату халқи тоҷик буда, истиқлоли фарҳангии мамлакатро таъмин менамояд.

Дар рафти Конференсия олимон ва мутахассисони соҳа бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба ташаккули механизми нави фаъолияти муассисаҳои фарҳангу санъат, такмили низоми фаъолияти илмӣ дар соҳаи фарҳангу санъат, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ баҳри рушди фарҳанги кишвар, татбиқи нерӯи эҷодии мардум ба таври мукаммал, навсозии шаклҳои фаъолияти корӣ ва механизмҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ва табдил додани муассисаҳои фарҳангу ҳунар ба маркази воқеии баргузории чорабиниҳои муҳимми фарҳангиву маърифатӣ ибрози андеша намуданд.

Қайд гардид, ки имрӯз дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ бо ифодаи хусусиятҳои хоссаи худ рукнҳои меҳанпарастиро инъикос намуда, ҷомеаро ҷиҳати баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳидоят менамояд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *