2-юми марти соли 2026 роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва шахсони масъул аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг дидан намуданд ва бо сохтмончиён оид ба иҷрои босифати корҳо сӯҳбат анҷом доданд.
Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2024 оғоз ёфта, бо маром идома дорад.
Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат аст. Он бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад.
Маркази матбуот Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
