Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ҷиҳати истиқбол аз «Рӯзи модар» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва занону бонувон аз муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Қабл аз оғоз аз ҷониби устодон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давалатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши рассомӣ, ки таҷҷасумгари симои олиҳаи ҳаёт зан-модарро инъикос менамуд, маърази тамошобинон қарор гирифт.
Дар чорабинии мазкур вазири фарҳанг суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи модар» табрику таҳният гуфтанд. Сипас аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давалтии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода намоиши фарҳангӣ пешкаши занону бонувон намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
