Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар ба хонаи Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ташриф оварда, ин бонуи ҳунарро бо иди фархунда табрик намуданд.
Дар рафти суҳбат саҳми арзандаи Раҷабгул Қосимова дар рушду пешрафти санъати театрии тоҷик ва тарбияи насли ҷавони ҳунармандон таъкид гардид. Ба ҳунарманди гиромӣ саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нав дар ҷодаи ҳунар орзу карда шуд.
Раҷабгул Қосимова низ барои чунин таваҷҷуҳ ва эҳтиром аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ҳамаи модарони кишвар сулҳу осоиш ва хушбахтӣ таманно намуданд.
