Тамоми дору дарахтони рӯйи Замин,
Агар ба дасти нависандагон қалам гардад,
Шавад сиёҳӣ агар оби чашмаву дарё
Ва барги дору дарахтон агар шавад дафтар
В-агар навишта шавад дар ситоиши МОДАР,
Шавад тамому сухан нотамом монад боз.
Дуруст фармуда шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир. Воқеан, барои баёни бузургии Модар вожагон оҷиз мемонанд. Зеро Модар бузургтарин офаридаи Худованд аст, ки биҳиштро зери қадамҳои ӯ гузошта…
Модарони азиз, маҷаллаи “Фирӯза” 94-сол аст, ки аз бузургии Шумо менависад ва васфи дастовардҳои Шуморо мекунад. Дар остонаи фасли баҳору Ҷашни Наврӯз Рӯзи фархундаи Модарро ба якояки Шумо шодбош мегӯем! Дуо мекунем, ки табассум аз лабонатон, осоиш аз хонадонатон, баракат аз дастархонатон кам мабод!
Бо эҳтиром аҳли қалами маҷаллаи «Фирӯза»
