Мулоқот бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯз,18-уми марти соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир- Бобозода Фаридун Толибҷон бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз 23 то 28 марти соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин Бозиҳои Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад.

Вазорати фарҳанг бо таваҷҷуҳ ҷиҳати иштирок дар чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби мутахассисони варзида ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии соҳа таъсис дод.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд.

Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони «Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад» доир шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *