Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ирфон Аҳмад сурат гирифт.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Покистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд.
Инчунин, вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки охири соли 2025 дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Покистон бори нахуст рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
