Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз 25 то 28 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия баргузор мегарданд.Ҳайати фарҳангиву ҳунарии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг Любимова Ольга Борисовна ва бо иштироки ҳунармандони маъруфу гурӯҳҳои шинохтаи санъати Россия меҳмони Тоҷикистон хоҳанд шуд. Аз ҷумла, иштироки оркестри “Фонограф-Симфо-Ҷаз” таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия Сергей Жилин, гурӯҳи балети “Тодес” ва баргузории намоиши мусаввараҳо дар назар аст.
Тибқи барнома, маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2026, соати 17:00, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” баргузор мегардад. Чорабиниҳои минбаъда рӯзҳои 27–28 май дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд идома хоҳанд ёфт.
Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанг мулоқоти вазирони фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷиҳати баррасии масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
