Эҳтиром ва арҷгузории бузургони миллат

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли фарҳанги мамлакат, бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо хотираи фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро гиромӣ доштанд, ки чанде қабл бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки турбати онҳо ба Ватан баргардонида шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади эҳтиром ба таърихи миллат, арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи давлатӣ ва эҳёи хотираи неки фарзандони содиқи Ватан баргузор гардид. Иштирокдорони маросим бо эҳтироми амиқ аз корнома ва фидокориҳои ин шахсиятҳои таърихӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маҳз талошу ҷоннисориҳои чунин фарзандони миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва бедории шуури ҷомеа нақши муассир гузоштааст.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

https://www.facebook.com/share/1Xsv49Qpmy/

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *