Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои бандҳои 9 ва 10 Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Вазорат дар доираи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм, солҳои 2026–2030) ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар доираи банди 9 ба гузаронидани таҳлили мунтазами хатарҳои коррупсионӣ дар фаъолияти Вазорат ва муассисаҳои тобеъ, аз ҷумла дар соҳаи харидҳо, тақсимоти маблағ, додани иҷозатномаҳо, бурсияҳо ва грантҳо, чораҳои амалии пешгирикунанда муҳокима карда шуданд.

Дар доираи банди 10 масъалаҳои ташкили чорабиниҳои таълимию иттилоотии зиддикоррупсионӣ барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои тобеъ, мутобиқи нақша на камтар аз 2 маротиба дар як сол, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласа бо масъулияти шахсии иҷрокунандагон ва тартиби пешниҳоди ҳисобот ҳар семоҳ ба Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста шинос гардиданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *