Ҳисори зарнисору ҳамешабаҳор бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғановатманди худ маҳбубу машҳури олам гардидааст. Садоқату рафоқати мардуми он нисбат ба Ватан вирди забонҳо буда, пиру ҷавони ин диёри нозанинро ҳамчун мардумони содиқу вафодор муаррифӣ намудааст. Накуфарзандони Ҳисор бо хиради азалӣ, фаросати воло ва иқдомҳои созанда дар ободиву сарсабзии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда ва мондагор доранд.
ИФТИХОРИ ДИЁР
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки дар ин мулки ҳамешабаҳор шахсиятҳои барӯманд умр ба сар бурдаанд, ки роҳи тайкардаи онҳо барои насли имрӯз ҳамчун мактаби бузурги таҷрибаи зиндагӣ маҳсуб меёбад. Яке аз чунин фарзандони сазовори ин мулки зарнисор шодравон Дӯстмурод Уроқов — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва нависандаи соҳибном аст, ки роҳу пайроҳаи зиндагии ин марди накуном намунаи ибрат ва мояи ифтихор аст.
Устод Дӯстмурод Уроқов тамоми умри худро ба хидмати халқу Ватан бахшида, дар таълиму тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод саҳми назаррас гузоштааст. Гарчанде устоди арҷманд имрӯз дар миёни пайвандону наздикон нест, фарзандони донишманду соҳибном ва мероси гаронбаҳои илмии ӯ номи некашро барои абад зинда нигоҳ медоранд.
Ба қавли ҳикматомез:
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.
ҲАМНАВО БО ДИЛИ МОДАР
Муҳаббат ба Ватан, ҳисси худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар қалбу руҳи мо аз домони поки модар оғоз ёфта, то ба осмонҳо доман паҳн мекунад. Зеботарин калима дар забони мо номи модар аст. Муҳаббати беканори ӯ ба зиндагии мо нур, гармӣ ва маъно мебахшад. Баҳору Наврӯз низ ҳамнаво бо дили ин фариштаи заминӣ ҳастанд.
Ширинтарин наво аллаи модар аст, ки дар ҳар мисрааш суруди зиндагӣ, садоқат ва муҳаббати инсонӣ таҷассум меёбад. Аллаи модар зиндагиро бо рангорангии муҳаббат оро медиҳад. Нигоҳи пурмеҳри ӯ ба дили ноумед умеди нав мебахшад, суханаш таскинбахш, руҳнавоз ва роҳнамои мост. Аз рӯзгори босаодати Дӯстмурод Уроқов ва ҳамсари меҳрубону вафодораш Шамсинисо аст. Онҳо чун панҷ нахли сабз давомдиҳандаи роҳи падар буда, бо кору амали нек номи ӯро зинда нигоҳ медоранд. Сурайё Дӯстмуродзода дунёи рангину беолоиш дорад ва миёни фарзандони падар бо хислатҳои наҷиби худ фарқ мекунад. Қалбаш мисли осмони соф беғубор буда, орзуҳояш ҳамеша қабои сабз ба бар доранд. Дар айёми мактабхонӣ ӯ орзу дошт, ки ҳуқуқшинос, иқтисодшинос ва ҳатто, меъмор шавад. Падар низ мекӯшид, ки фарзандонаш соҳибмаълумот ва содиқ ба роҳи илму дониш ба воя расанд.
Сурайё Дӯстмуродзода бо дуои неки волидон пас аз хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1995 бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти ин бонуи фарҳехта доманадор буда, зиндагии ӯ бо сарнавишти Ватан пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамчун ҳуқуқшинос ва иқтисоддон бо дониши амиқ ва маърифати баланд дар рушди ин соҳаҳо саҳми арзанда мегузорад. Дар қалби ӯ муҳаббат ба зиндагӣ ва садоқат ба диёр ҷӯш мезанад. Бо дуои падару модар ва эҳтироми мардум ба саодати зиндагӣ ноил гардидааст.
Сурайё Дӯстмуродзода дар заминаи эътимоди сокинони шаҳри Ҳисор ду даъват Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Ӯ ҳамчун намояндаи мардум дар таҳияи қонунҳо фаъолона саҳмгузорӣ намуда истода, барои беҳбудии зиндагии сокинон талош меварзад
. Ин бонуи соҳибхирад дастовардҳои занони тоҷикро самараи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад. Ба андешаи ӯ, дар даврони истиқлол занони тоҷик дар симои Пешвои миллат пуштибони воқеии худро ёфтаанд.
ҲАМВОРА БО ЁДИ ПАДАР
Шукргузор аз умри тайкарда ва ҷодаи интихобнамудаи худ ҳастам, гардиши рӯзгор маро бо қалам ва сафҳаи сафед ҳампаймон намуда, рӯзгорамро ҷилову нур бахшид, маро ба шоҳроҳи пурпечутоби сарнавишт раҳсипор карда, бо инсонҳои некзамир ошно намуд. Ҳар нафаре, ки қаламро бо дилу нияти нек ба даст мегирад ва рӯйи авроқи сафедро саршори муҳаббат ва садоқати ватандорӣ менамояд, аз умри хеш файзу нусрат меёбад. Чанд соле, ки бо қалам ҳамрозу ҳампаймонам, кӯшидам ҳарфе бигӯям, ки қалби касе шоду масрур гардад ва аз ҳарфи рӯйи варақ овардаам хонанда ба худ маъние бигирад. Агар дар ин масире, ки шебу фарозҳои зиёд дорад, заррае муваффақ шуда бошам, сарфарозам, агар не, маъзурам пеши бузургии мардум, ки камтарин навиштаи моро зери таваҷҷуҳи хеш қарор медиҳанд.
Аз овони мактабхонӣ ба рӯзгору сарнавишти ибратбахши шахсиятҳои барӯманди диёр мароқу таваҷҷуҳи бештар доштам. Аз саҳифаи рӯзнома, маҷалла ва китобҳо дар бораи инсонҳое, ки ба халқу миллат азизанд, зиёд хондаам, аз дафтари рӯзгордории онҳо сабақ омӯхтаам. Исми шарифи нависанда, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Дӯстмурод Уроқовро борҳо шунида будам, аз фаъолияти илмиву адабии ин марди накуном ба хубӣ огоҳӣ доштам. Вале огоҳ набудам, ки Сурайё Дӯстмуродзода фарзанди ин инсони фазилатойин аст.
Ҳар гоҳ ки бо ӯ суҳбат биороем, аз падар ёд мекунад, дар сатри аввали китоби қисматаш исми падар бо ҳарфҳои заррин нигошта шудааст. Зиҳӣ, эй бонуи нексиришт, ки бо иродати устувор ва хулқу атвори шоистаи хеш номбардор ва ному нишони падар гардидаӣ, давоми роҳат нек, умрат дароз бодо.
✍️ Акбар Аскарзода
©️ Маҷаллаи «Фирӯза», 2026, ✓3-4.
