Имрӯз 26-уми август ҳунарманди маъруф, арбоби барҷастаи санъат, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Умарова зодрӯз доранд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди гиромиро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрику таҳният мегӯяд.
Дилбар Умарова аз зумраи чеҳраҳои дурахшон ва беназири санъату фарҳанги муосири мо мебошанд, ки бо ҳунар, услуби хос ва малакаву маҳорати камназир фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки заҳматҳои чандинсолаи Дилбар Умарова дар самти тарғиби фарҳангу санъати тоҷик бо мукофоти баланди давлатӣ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.
Ба ин дилдодаи санъату ҳунар, офияти комил, умри дароз, осоиш ва илҳоми бепоёни эҷодӣ орзумандем. Бигзор нақшҳои офаридаатон дар театру синамо ҳамеша чароғафрӯзи афкори ҷомеа ва ифтихори фарҳанги миллӣ боқӣ монад!
Даричаи ошноӣ
Дилбар Умарова-26 августи соли 1949 дар шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Ҳунарпешаи тоҷик дар соҳаи театр ва кино.
Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 1971 студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийро дар шаҳри Москва хатм кардааст. Роҳбарони бадеии студия — ходимони шоистаи санъати Тоҷикистон, профессорҳо Б.В. Бибиков ва О.И. Пыжова буданд.
Солҳои 1971–1983 — ҳунарпешаи Театри ҷумҳуриявии ҷавонон ба номи М. Воҳидов.
Аз соли 1983 — ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ.
Бори аввал дар синни ҳафтсолагӣ дар кино нақш офаридааст (филми бадеии «Ман духтареро вохӯрдам»), ки ин таҷриба интихоби касби ояндаи ӯро муайян кардааст.
Дар 30 филми бадеӣ нақш офаридааст.
