Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот, шоири маъруф, адиби соҳибистеъдод, фарҳангнигор ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикон ва ҳаводорони осори ин адиби маҳбуб ҳамдардии амиқ баён менамояд.

Доро Наҷот бо қалами пурқудрат, андешаи баланд ва забони шоиронаи худ дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дошт. Аз баракати қалами ӯ ашъори мондагор, андешаҳои пурмаъно ва осори арзишманди адабӣ ба ёдгор мондаанд, ки ҳар кадом бозгӯи ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси миллӣ ва муҳаббати беандоза ба забону фарҳанги тоҷикӣ мебошанд.

Фарҳангнигории Доро Наҷот низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Осори гаронбаҳои ӯ ҳамчун ҷузъи мероси адабии даврони муосир барои наслҳои имрӯз ва фардо хидмат хоҳад кард.

Ёди неку номи Доро Наҷот ҳамеша дар қалби аҳли фарҳангу адаб ва ҳаводорони осори ӯ зиндаву гиромӣ хоҳад монд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *