ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР
Рӯзгору сарнавишти инсонҳои нексиришту дарёдил, ки ҳама шебу фарози зиндагиро бо сабуриву таҳаммул пушти сар намудаанд, дар пайроҳаи рӯзгор сабақи бузург ба шумор рафта, насли имрӯзро мебояд аз он дарси ибрат омӯзанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуби мо оилаҳои намунавӣ бешумор буда, ҳаёту қисмати онҳо сарчашмаи ифтихори наслҳои оянда ба шумор мераванд.
ХОНАВОДАИ МУАЛЛИМ
Истаравшан аз зумраи шаҳрҳои қадимии меҳан ба шумор рафта, бо урфу одат ва анъанаҳои аз ниёгон ба мерос монда, маҳбубу машҳур гаштааст. Фарзонафарзандони ин мулки бостонӣ бо кору амали созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми сазовор гузошта, аз худ номи нек ба ёдгор мондаанд.
Достони хонаводаи номдори ин диёрро варақгардон мекунем...
Омӯзгор Раҳимҷон умри хешро ба...









