Ҳунарҳои мардумӣ

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт. ...
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ
АСОСӢ, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки мо ба ваҳдати миллӣ маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди кишвар расидем ва он оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид. Сарвари давлат ваҳдати миллиро рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза нигоҳ доштани фазои сулҳу субот ва таҳ...
Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
АСОСӢ, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунин аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дидан намуданд. Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудааст. Дар ин мавзеъи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд шудааст. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чуб сохташуда минбаъд, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муар...
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

“Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон”

Санаи 20-уми майи соли 2025, соати 16:00 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии Озарбойҷон таҳти унвони “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо,Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровродар , директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон Ширин Меликова, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони фарҳангу сан...
Панҷ панҷааш ҳунар
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

Панҷ панҷааш ҳунар

Гулҷаҳон Давлатова яке аз занҳои ҳунарманди ноҳияи Темурмалик бо ҳисоб меравад. Ӯ ҳанӯз аз давраи ҷавонӣ ба касби дӯзандагӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳамин аст, ки ин пешаро аз худ намуда, ба ин васила ҳам нон ёфту ҳам ном. Дар баробари ин, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки имрӯзҳо дар хизмати мардум ҳастанд. Гулҷаҳон мегӯяд, ки ҳунарманд дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Касби модар Гулҷаҳон дар оилаи серфарзанд таваллуд шуда ба воя расидааст. Азбаски духтари калонии хона буд, ба модар барои нигоҳубини додару хо­ҳарак­о­наш ёрӣ мерасонид. Модараш баъди анҷоми корҳои хона ба назди мошинаи дастӣ нишаста ба духтани курта, курпача ва дигар чизҳои лозима машғул мешуд. Гулҷаҳон ба дарзу дӯзи модар зеҳн монда, ҳар дафъа мехост асроре аз ин олами ҳунар кашф намояд ва ӯ бо ин кунҷкоби...
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии Туркманистон ташкил гардид
Ҳунарҳои мардумӣ

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии Туркманистон ташкил гардид

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, намоиши мазкур дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш муовинони вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон Манучеҳр Шарифзода ва Нурсахад Ширимов изҳор доштанд, ки намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими роби...