Дастовардҳои соҳа

Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр бахшида ба «Рӯзи модар»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Матбуот, Хабарҳо

Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр бахшида ба «Рӯзи модар»

Бахшида ба истиқболи "Рӯзи модар" Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳоди дӯстдорони китоб менамоянд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳнаварде  дар олами ҳунар
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Матбуот

Раҳнаварде дар олами ҳунар

Нафистарину зеботарин ҳунар ин санъати театру кино аст, ки ҳунармандон бо офаридани нақше шодиву нишот ва шебу фарози рӯзгори моро дар он таҷассум месозанд. Кино чун ҷузъи таркибии фарҳанги ҳар як қавму миллат маҳсуб ёфта, таърих, ҳунар ва анъанаҳои неки гузаштагону имрӯзиёнро инъикос намуда, ба оламиён муаррифӣ менамояд. Оғози парвоз Агар бедорхобиҳои филмноманависон намешуд, агар тахайюли зебоиофарӣ ва такмилсозии асар ё сенарияи филм аз ҷониби коргардонҳо намешуд, агар онҳо бо диду нигоҳи тоза ҳунармандонро барои офаридани нақше уҳдадор намекарданд, агар заҳмати наворбардору тарроҳи либос, рассоми саҳна ва рӯшноидиҳандаи майдони ҳунар намебуд, филми хуберо тамошо карда, наметавонистем. Вақте дар дил рағбати навиштан дар мавриди синамо пайдо шуд, беихтиёр исми Нигина Раҷабова ба х...
ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ !
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ !

Санаи 24 январи соли 2025 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар рафти сафари корӣ раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин Вазири фарҳангро ҳамроҳӣ намуда,аз рафти корҳои сохтмонии бинои Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара" шинос шуда, инчунин аз фаъолияти кории кормандони Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара", Муассисаи давлатии "Театри мусиқӣ-драмавии Данғара" Шӯъбаи фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона ва китобхонаи марказӣ дидан намуданд. ...
Духтаре нобиное,  ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Духтаре нобиное, ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд

Қиссаи ӯ ҷолиб аст. Ӯ ҳамаи осори назмӣ ва насриро аз забони модараш гӯш карда, аз худ намудааст. Ин духтар бо вуҷуди нобиноӣ пас аз 4 соли иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" пирӯз шуд! Ахмедзода Фараҳбахш - зодаи шаҳри Панҷакент, хонандаи синфи 9-и МТМУ №63, духтараке, ки бо амри тақдир нобино ба олами ҳастӣ қадам гузоштааст. Аз ҳамсолони худ ду сол дер ба таҳсил оғоз кард. Бо ёрии атрофиён ба мактаб меравад. Шӯру шавқ ва ҷозибаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ӯро водор сохт, ки дар номинаи адабиёти классикии тоҷик бо ёрии модараш омодагӣ бинад. Нокомиҳо дар давоми солҳои гузашта ӯро руҳафтода накард ва бо иродаи устувор ба омӯзиш идома дод. Ҳамаи шеърҳоро модар барояш мехонд ва Фараҳбахш ҳифз мекард. Ҳамчунин, асарҳои насриро низ мод...
Бонуи ҳайкалтарош
БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Бонуи ҳайкалтарош

1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар саҳни бинои «Кохи матбуот» бо иштироки аҳли адаб парда аз рӯйи нимпайкараи нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим (1905-1942) бардошта шуд. Банда ҳам дар ин маросим ҳузур доштам. Вақте эълон карданд, ки ин нимпайкараро як бонуи ҳунарманд офаридааст, ҳайратзада шудам... Эътирофи устодон Ба нимпайкараи Ҳаким Карим аксари аҳли адабу фарҳанги кишвар, аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Ислом, профессори Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, устодони Донишгоҳи Фарғона Фарҳод Исомиддинову Масъуди Мирзо ва дигарон баҳои баланд дода, дасти офарандаи он бону Мунир...
Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»
Дастовардҳои соҳа

Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд.Дар идома таъкид гардид, ки ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.«Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз намуда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем, — изҳор намуданд Сарвари давлат. — Кинаҳоро аз қалбҳо дур намудан, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, сарсабзу хуррам г...