ДАР УЗБЕКИСТОН «РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН» ИФТИТОҲ ГАРДИД
Аз 23 то 25 март дар Қасри миллии санъати кинои Узбекистон чорабинии фарҳангии «Рӯзҳои кинои Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ин барнома бо ҳадафи муаррифии синамои тоҷик ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар доир мешавад.
Дар доираи ин рӯзҳо чанд филми тоҷик, ки ҳаёти воқеӣ, сарнавиштҳои инсонӣ ва мавзӯъҳои иҷтимоиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд.
24 март маросими ифтитоҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи кинои ду кишвар, аз ҷумла директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок карданд.
Шӯҳрат Ризоев, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни суханронии худ гуфт, синамои узбеку тоҷикро дугоник номи...










