Хабарҳо

Шиносоӣ бо вазъи Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат
АСОСӢ, Хабарҳо

Шиносоӣ бо вазъи Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз Китобхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дида намуда, ба масъулин ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ мулоқот анҷом доданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг

Санаи 25-уми декабр дар шаҳри Ваҳдат Ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин ҷаласа масъалаи натиҷагирӣ аз рафти маниторинг оид ба вазъи муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мушкилоту муаммоҳо ва роҳи ҳал баррасӣ гардиданд. Суратгузориш аз ҷараёни ҷаласа мазкур
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид

24 декабр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» доир гардид, ки дар номинатсияи «Китоби назм» муаллифон Фарзона бо гулчини ғазали «Сетор», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Хандаи талх» ва Бузургмеҳри Баҳодур бо китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» ғолиб дониста шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.Мазмуну муҳтавои ин китобҳо бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро фаро гиранд, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтода, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хок...
Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсияи Русия барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд.Сарони ҳарду давлат ҳамдигарро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.Зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол миёни ду кишвар 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, ...
Қадрдонии сафир аз ҷониби вазир
АСОСӢ, Матбуот, Хабарҳо

Қадрдонии сафир аз ҷониби вазир

Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода барои саҳми назаррас дар муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид. Зимни супоридани мукофот Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зикр намуд, ки тӯли 10 соли охир бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чор маротиба ҳафтаҳои фарҳангӣ (солҳои 2014, 2015, 2016, 2018) ва як маротиба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт (соли 2024) доир гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъол...
Мулоқот бо сафири ҶИ Эрон
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо сафири ҶИ Эрон

Имрӯз, 17-уми декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон - Алиризо Ҳақиқиён мулоқот доир гардид.Дар мулоқот оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.Инчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши бештари робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ
АСОСӢ, Хабарҳо

Таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ

Санаи 11-уми декабр бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба таҷлили 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Ширинбеков Садриддин – сардори шуъбаи таблиғоту ташвиқот ва иттилооти Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсур...