НИЗОМНОМАИ Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025”
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025” (минбаъд Озмун) бо мақсади таҳлили вазъи рӯзномаву маҷаллаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чопшаванда, интишори мавод ва тақвият бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо, ҷиҳати иҷрои банди 15 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ташкил карда мешавад.
1.2. Ташкилкунанда ва масъули баргузории Озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (минбаъд - Ташкилкунанда).
1.3. Озмун тавассути васоити ахбори омма эълон, тарғиб ва инъикос мегардад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗМУН
2.1. Мақсад аз баргузории озмун рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма, ҳавасманд намудани рӯз...









