Хабарҳо

ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

Тоҷикистон! Кишваре, ки Сарвари муаззамаш ифодагари бузурги хештаншиносии миллист. Ҳар ифтихоре, ки тоҷикон доранд, дар сиришт, гуфтор, рафтор ва пиндори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва омадааст. Роҳбари хирадманди мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як давлат пос доштани асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ мебошад. Ҳар як сухан, ҳар як навишта, ҳар як китоби Президенти дурандешу номвари кишвар ангезаи ифтихори миллии тоҷикон ва тоҷикистониён аст. Тоҷикистон! Ватане, ки бо меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат, дӯстдориву самимияти фарзандонаш пеши оламиён машҳур гардидааст. Марзу буми ин Ватан тулонӣ нест, аммо дар назари фарзандонаш бузург аст. Ватанро хурд намешуморанд. Ватан аз торҳои меҳр, аз хишти муҳаб...
Меҳмонони хориҷии ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Меҳмонони хориҷии ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуданд

6-уми сентябри соли 2026 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва директори Театри миллии Тоҷикистон Шарифзода М.М. иштирокчиёни хориҷии ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ»-ро дар даромадгоҳи Театри миллӣ самимона истиқбол намуданд. Зимни мулоқот роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳмонони хориҷӣ доир ба рушди соҳаи фарҳанг, сиёсати фарҳангии давлат ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли фарҳанг ва рушди инфрасохтори фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба бунёди Театри миллии Тоҷикистон, ки бо тарҳи муосир ва меъмории хос яке аз иншооти муҳими фарҳангии кишвар ба шумор меравад, андешаҳои судманд баён гардиданд. Меҳмонон аз бинои ...
Кормандон ва намояндагони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Кормандон ва намояндагони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, мукофотҳоро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба кормандони Вазорати фарҳанг тақдим намуд. Кормандони вазорат барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар пешрафти соҳаи фарҳанги мамлакат бо Медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Зимни маросим таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг ва аҳли эҷоду кормандони он буда, барои боз ҳам баланд бард...
Иштирок дар тантанаҳои ҷашни Истиқлолият
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар тантанаҳои ҷашни Истиқлолият

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд. Таъкид гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон, хусусан барои сокинони вилояти Хатлон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ва озмоиши азму иродаи онҳо буд. Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон ва бахусус шаҳри Бохтар, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз нуқ...
САҲИФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСӢ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

САҲИФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСӢ

Дар арафаи ҷашни муқаддаси Истиқлол шумораи навбатии маҷаллаи "Фирӯза" бо матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расид. Шумораи нави мо ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои миллии кишвар — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Меҳвари шумораро мавзуъҳои Истиқлол ва сулҳу субот ташкил медиҳанд. Дар саҳифаҳои аввали маҷалла масъалаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар шумора ҳамчунин табрикоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба муносибати 35-солагии Истиқлолият ҷой дода шуда, нақши фарҳанг дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди санъат ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бар...
Дар Душанбе «Шоҳҷоиза»-и «Шоҳнома»-ро бо тантана истиқбол гирифтанд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Дар Душанбе «Шоҳҷоиза»-и «Шоҳнома»-ро бо тантана истиқбол гирифтанд

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аҳли фарҳанг ва намояндагони соҳаи фарҳанги кишвар «Шоҳҷоиза»-ро, ки ба асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» — эҳдо гардидааст, бо эҳтиром ва шукӯҳи хоса истиқбол гирифтанд. Ин рӯйдоди муҳим барои фарҳанги миллӣ нишони эътирофи ҷаҳонии арзишҳои волои адабиёту фарҳанги тоҷик ва ҷойгоҳи мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб меёбад. Истиқболи бошукӯҳи «Шоҳҷоиза» дар пойтахти кишвар бо иштироки аҳли фарҳанг ва дӯстдорони адабиёти классикии тоҷик баргузор гардид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ - 35-умин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳимми фарҳангу тамаддуни тоҷикон буда, имрӯз низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишварамон нақши басо арзишманд мегузорад. Гуфта шуд, ки “мояи ифтихори ҳар яки мост, ки моҳи июли соли 2025-ум ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии воқеъ дар ҳудуди ви...
Ифтитоҳи «Студияи сабти овоз»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Ифтитоҳи «Студияи сабти овоз»

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, роҳбарияти донишкада, устодону кормандон ва донишҷӯён Студияи сабти овоз ифтитоҳ гардид. Студияи бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ҷиҳати таҳия ва сабти асарҳои мусиқӣ, барномаҳои овозӣ, корҳои эҷодию таълимӣ ва рушди маҳорати касбии донишҷӯён хизмат менамояд. Ифтитоҳи он қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии донишкада, татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълиму эҷод ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба ҳисоб меравад....
Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд. Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи ...
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ - 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатӣ инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи...