Вохӯрии вазир бо ду чеҳраи нотакрори санъат
Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг – Сатториён Матлубахон Амонзода бо ду чеҳраи нотакрор ва маҳбуби фарҳангу санъати тоҷик Малика Қаландарова – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо рақсҳои худ солҳои тӯлонӣ фарҳанги миллиро берун аз марзҳои кишвар муаррифӣ намудааст, ва Тамара Катаева – овозхони собиқи ансамбли машҳури эстрадии «Гулшан», ки бо садои фораму нобаш дар солҳои ҷавонӣ ҳазорон дилҳоро мафтун месохт, мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ доир гардид. Дар ин барнома Малика Қаландарова бо иҷрои рақсҳои классикии тоҷикӣ ба саҳна рангу ҷилои тоза бахшид. Ҳар қадам ва ҳаракати ӯ баёнгари асолати санъати миллӣ ва ҳамзамон рамзи пайванди анъана бо замони муосир...










