Мақолаҳо

Нахустин бонуи муаррих
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Нахустин бонуи муаррих

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар баробари мардон садҳо нафар бонувон низ табъи хешро дар суханварӣ санҷида, асарҳои мондагор таълиф кардаанд. Имрӯз мо бо ифтихор номи Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва дигар шоиронро ба ёд меорем. Вале дар миёни бонувон афроде ҳам будаанд, ки рисолаҳои илмӣ ва таърихӣ навиштаанду афсус дар бораашон мо хеле кам маълуот дорем. Яке аз онҳо Гулбаданбегим аст, ки аз байни бонувон бо забони тоҷикӣ нахустин рисолаи таърихиро таълиф кардааст. Гулбаданбегим ё Гулбаданбону духтари Заҳируд­дин Муҳаммади Бобур буд, ки тақрибан соли 1523 дар Кобул таваллуд шудааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳо ӯ то 6-солагиаш дар Кобул зиндагӣ карда, соли 1528 ҳамроҳи падараш ба шаҳри Аграи Ҳиндустон меравад. Баъди вафоти Муҳаммади Бобур (1530) Гулбаданбегим дар тарбияи мо...
Равғани какао  ва хусусиятҳои табобатии он
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Равғани какао ва хусусиятҳои табобатии он

Какао – дарахти ҳамешасабзи шоколад аз оилаи стеркулиҳо буда, баландиаш то 10-15 метр аст. Ватани ин дарахт қисми тропикии Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Мексика, соҳили дарёҳои Магдалена ва Амазонка мебошад. Ҳоло дарахти шоколад дар майдонҳои калони қисми тропикии Африкаи Ғарбӣ- Нигерия, Гана, Шри-Ланка ва Индонезия парвариш мешавад. Ин дарахт дар соли 3-юм ба мевадиҳӣ оғоз мекунад. Гулҳояш хурд, гулобӣ, аз тана ва навдаҳои ғавс даста-даста мебароянд. Аммо на ҳамаи гулҳо гардолуд мешаванд ва дарахт ҳамагӣ 20-50 дона мева медиҳад. Як дарахт дар 1 сол аз 1 то 4 кг тухмӣ медиҳад. Пучоқи тухмҳо алкалоидҳои теобромин (то 2%) ва кофеин (миқдори ночиз), мағзи тухмӣ бошад то 50% равғани чарб дорад. Равғани какао байни ҳарорати 30-40*С об мешавад аз ҳамин сабаб, бо моддаҳои доруӣ омехт...
Зиннати зан  аз донишу ҳунар аст
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Зиннати зан аз донишу ҳунар аст

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳратёр кард. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони моро дар тамоми қитъаи олам ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил хуб мешиносанд. Равзанаи ошноӣ: Зарина Назарзода муовини раиси Кумитаи омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1972 дар ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1989 пас аз хатми мактаби миёна ба Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат (собиқ Орҷоникидзобод) дохил шуда, онро соли 1991 хатм мекунад. Солҳои 2010-2015 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 2006 ба агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати соҳибтамаддуни тоҷикро шуҳратёр кард. Имрӯз ҷумҳурии ҷавони моро дар тамоми қитъаи олам ҳамчун давлати д...
Бояд ғами  рӯду чашмасоронро хӯрд
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Бояд ғами рӯду чашмасоронро хӯрд

Инсоният бо вуҷуди дастовардҳои бузурги илму техника, боз ҳам ба неруи табиат, ба лутфу эҳсони Модар–Замин ниёзманд аст. Ҷойи таассуф аст, ки як гурӯҳ одамон ҳамин ниёзи рӯҳонӣ ва ҷисмониро надида гирифтанд... Ҳамаи одамони соҳибкамол медонанд, ки бе об зиндагонӣ нест. Ва сарчашмаи ҳама гуна шодобию сафо ва таровату покӣ об аст. Азбаски захираи оби софу ширин ҳамагӣ аз даҳ се ҳиссаи тамоми обҳои кураи заминро ташкил медиҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ояндаи хештан биандешад. Ҷойи ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки дар роҳи тарғиби сарфакорона истифода бурдани об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосӣ аст. Ҳанӯз соли 2003 СММ пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта буд ва соли 2003-юм дар тамоми ҷаҳон ҳамчу...
Даврони тиллоии умр
АСОСӢ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Даврони тиллоии умр

Зиндагӣ мисли муъҷиза аст. Дар он вақт муъҷиза ба воқеият табдил мегардад, ки аз пайи амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ бошӣ! Ин гуфтаҳо шиори зиндагиям ҳастанд. Воқеан, он чизеро, ки мо аз сидқи дил мехоҳем ва талош мекунем, соҳиби он мегардем. Ман дар ноҳияи зебоманзари Хуросони вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Модари омӯзгорамро хурду бузурги деҳа эшонро эҳтиром мекунанд. Аз ҳамин пай бурдам, ки барои зан беҳтарин касб омӯзгорӣ мебошад. Замони кӯдакиву наврасӣ бароям беҳтарин шароит муҳайё буд, то ки илм омӯзам, дар озмунҳо фаъолона иштирок намоям. Дар соли хониши 2020–2021 гирандаи стипендияи раиси Вилояти Хатлон ва дар солҳои 2021–2022 гирандаи стипендияи президентӣ будам. Соли 2022 тариқи Маркази миллии тестӣ назди Президенти ҶТ ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ, факу...
Арғушти ситорагон  бувад дар чаканат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Арғушти ситорагон бувад дар чаканат

Таърих гувоҳ аст, ки Зан-Модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либос, ки ҷузъе аз фарҳанги миллӣ мебошад, будааст. Мутаассифона, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳангӣ бегона рӯ овардани баъзе аз духтарони тоҷик ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронӣ аст. Бехабарӣ аз таърихи гузашта Имрӯзҳо бархе аз бонувон либосҳое ба бар намуда, худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд, ки ин на танҳо гувоҳи бехабарии онҳо аз таъриху фарҳанги миллати худашон аст, балки бо ин амал ба мафкураи насли наврас таъсири нохуб мерасонанд. Бояд таъкид намуд, ки барои ҳар миллату давлат ҳифз ва муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддас мебошад. Пас, чаро мо ин арзиши миллии худро ҳифз ва муаррифӣ наменамоем? Эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои миллӣ...
Холаи тракторчӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Холаи тракторчӣ

“24-сол дар соҳаи хоҷагии ноҳияи Қубодиён ронандаи трактор шуда, фаъолият кардам. Падарам трактор меронд, субҳи барвақт маро ҳамроҳаш гирифта, ба саҳро барои шудгори заминҳо мерафт. Баъд аз хатми мактаби миёна ба курси ронандагӣ дохил шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудам,” – мегӯяд Раҷабгул Сафармуродова. Шаб дар вагону рӯз дар саҳро Раҷабгул Сафармуродоваи 73-сола зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст. Аз соли 1977 то инҷо­ниб дар ноҳияи Носири Хусрав зиндагӣ мекунад. Сабаби кӯч бастани ӯ бо хонаводааш ба ноҳияи мазкур ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ноҳамвору найистон ва обод кардани як гӯшаи диёри мамлакат буд. «Ману шавҳарам ҳарду дар ноҳияи Қубодиён ронандаи трактор (механизатор) будем. Аз субҳи барвақт то ғуруби офтоб дар саҳро ба шудгори заминҳо, дорупош...
Сада – муждаи Наврӯз
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Сада – муждаи Наврӯз

Имрӯзҳо бо шарофати даъвату ҳидояти Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ойину суннатҳои миллӣ басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки бешубҳа он боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хоса насли наврас мегардад. Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодонамон қарор дошта, пайдоиши он аз замонҳои дури таърих оғоз мегирад. Шоири асри ХV Унсурии Балхӣ мефармояд: Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Доғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад. Чуноне фармудаанд: Сада омад, к...
Нигини саҳнаи тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Нигини саҳнаи тоҷик

Яке аз падидаҳои баёдмонданӣ ва муҳимми фарҳангӣ дар соли 2024 таҷлили 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ва ҳунарнамоии сарояндаи номвари тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амонқулова дар консерти бошукӯҳе буд, ки имрӯзҳо вирди забони форсигӯёни олам аст. Нигоҳе ба “Гули сурх” Тобистони соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО – шаҳри Пориси Фаронса, 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо иштироки олимону донишмандон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нигина Амон­қулова дар консерти бошукӯҳе, ки бо Оркес­три симфо­нӣ таҳти роҳбарии Ораши Фӯлодванд дар ҳамовозӣ бо овозхонҳо Ваҳиди Тоҷ ва Соро Ноилӣ аз эҷодиёти Мавлоно сурудҳоро дар сатҳи баланд ...
Насаби миллӣ –  ифтихори миллӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Насаби миллӣ – ифтихори миллӣ

Ному номгузорӣ яке аз рукнҳои маънавию миллӣ дар ҳар ҷомеаву тоифаҳо ва халқияту миллатҳост, ки ин арзишу анъанаи миллӣ миёни мардуми мо худ як суннати фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, чӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва чӣ аз мояи фарҳангиву ҳунари эшон муравваҷ гардидааст. Хушбахтона, бо заҳматҳои мутахассисон ва фаъолияти таҳлиливу коршиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ оид ба номҳои миллии тоҷикӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (аз 27-уми июли соли 2016, №325) ба тасвиб расида буд, ки баъди бознигарӣ бо қарори ҲҶТ аз 2-юми марти соли 2023, № 83 Замимаи номҳои миллии тоҷикӣ ба фарзандон дар таҳрири нав тасдиқ гардидааст. Замимаи қарори мазкур 3652 номи хушоянду дилписанд ва пурмаънои тоҷикиро дар бар мегирад, ки аз ин шумо...