Насаби миллӣ – ифтихори миллӣ
Ному номгузорӣ яке аз рукнҳои маънавию миллӣ дар ҳар ҷомеаву тоифаҳо ва халқияту миллатҳост, ки ин арзишу анъанаи миллӣ миёни мардуми мо худ як суннати фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, чӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва чӣ аз мояи фарҳангиву ҳунари эшон муравваҷ гардидааст.
Хушбахтона, бо заҳматҳои мутахассисон ва фаъолияти таҳлиливу коршиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ оид ба номҳои миллии тоҷикӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (аз 27-уми июли соли 2016, №325) ба тасвиб расида буд, ки баъди бознигарӣ бо қарори ҲҶТ аз 2-юми марти соли 2023, № 83 Замимаи номҳои миллии тоҷикӣ ба фарзандон дар таҳрири нав тасдиқ гардидааст. Замимаи қарори мазкур 3652 номи хушоянду дилписанд ва пурмаънои тоҷикиро дар бар мегирад, ки аз ин шумо...










