Шуои шабафрӯз
Сар ба оинаи тайёра ниҳода, лаҳзаҳои бо ту буданамро варақ мезанам. Дар назарам бо канда шудани чархҳои тайёра аз замин ба осмон парвоз мекунам ва бо рӯҳи малакутии ту, Модар дар фазои беолоиш аз гуноҳу фасод, ҳамбол мегардам. Кошки, ин парвоз охир намедошту бо ёди ту дар ҳаво муаллақ мемондам.
Ҳамеша дар зиндагӣ аз ҳамин лаҳзаи ҷудоӣ тарс доштам ва ба худ тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе ту ҳам мисли дигар Модарон моро тарк хоҳӣ кард.
Медонистам, ки инсон миранда аст, вале бо рафтани ту аз ин дунё бо ин бузургӣ кам бовар доштам…
Аз синни хурдсолӣ байни ҳамсолони худ ҳамеша аз ту ифтихор доштам, чунки ту аз занони дигари деҳ тафовути зиёде доштӣ. Фарқияти туро дар сухандониву босаводият, кордониву поктинатиат эҳсос мекардам, ба назарам тамоми китобҳои чопшудаи дастрас кардаа...









