Зани солим – ҷомеаи солим
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Мирзо Турсунзода
Он чӣ, ки дастони пурэъҷози Зан – модар меофарад, олитарин намунаи ҳунар аст. Ба кадом соҳа ва навъҳои ҳунар, ки таваҷҷуҳ кунем, дар онҳо нақши осори ақли равшан, нигоҳи дақиқ ва таҷаллии шамъи истеъдоди занонро метавонем равшан бубинем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саъй кард, ки мавқеи занону бонувон баланд гардад ва шахсияту истеъдоди онҳо ба таври шоиста рушд кунад. Хушбахтона, имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама соҳа садоқатмандона хизмат карда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар соҳаи тибби ҷумҳурӣ занони мо ҷойгоҳи хос доранд. Ва мо табибон доимӣ ...










