Оморро нодуруст шарҳ надиҳед
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба паҳн гардидани иттилооти носаҳеҳ дар бархе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба омори фаъолияти рӯзномаву ҳафтаномаҳо, изҳор менамояд, ки дар нишасти матбуотии Вазорат, ки 26 январи соли 2026 баргузор гардид, фарқияти омори баҳисобгирии рӯзномаҳо дар солҳои 2024 ва 2025 аз ҷониби бархе намояндагони ВАО нодуруст шарҳ дода шуда, дар фазои иттилоотӣ хулосаҳои беасос ва ғалат паҳн гардиданд.
Бо мақсади пешгирии таҳрифи воқеият ва таъмини шаффофияти иттилоотӣ, Вазорати фарҳанг зарур мешуморад, ки мавқеи расмии худро ба таври возеҳ ва қотеона иброз намояд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №97, «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳ...









