Сарчашмаи ҳаёт
Модар тасалло дар маъсумӣ, имдодгар дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, маслиҳатгару роҳнамо дар шебу фарози зиндагист. Баракати хонадон аз обилаи дастон, меҳру эҳсон, лутфу самимият ва хайру саховати модар аст.
Модар аз оғози пайдоиши ҷаҳон бори масъулияти сангинро бар дӯш дорад. Ба дунё овардани фарзанд ва соҳибкамолу бомаърифат тарбия намудани ӯ қисми вазнинтарини масъулият аст, ки сохтори иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангиро ташкил медиҳад.
Модар бо панду андарз, ашӯлаву афсона ва суруди аллаи хеш хазинадори забону тамаддун буда, кохи дурахшони ҳунар бунёд мекунад ва фарзандонро вазифадор месозад, ки ин ганҷинаи маънавии миллатро гиромӣ доранд.
Мегӯянд, ки агар бихоҳед бо тамаддуни миллат ошноӣ пайдо кунед, ба занони он миллат бингаред.
Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик тули та...










