Матбуот

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ деҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмир бароварда шуд.Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар т...
Рӯзҳои фарҳанги Беларус
АСОСӢ, Матбуот, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Беларус

Санаи 25-уми ноябр, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Суратгузориш аз ҷараёни ин барномаи пуршукӯҳ
ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот, Хабарҳо

ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ

Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолу дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъйу талоши пайваста ба хотири ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон, рамзи худогоҳию худшиносӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём парчамдор буданд. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ...
ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
АСОСӢ, Мақолаҳо, Матбуот

ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУН, ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ ВА САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАДАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд. Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб гардида, ш...
Бонуи ҳайкалтарош
БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Бонуи ҳайкалтарош

1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар саҳни бинои «Кохи матбуот» бо иштироки аҳли адаб парда аз рӯйи нимпайкараи нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим (1905-1942) бардошта шуд. Банда ҳам дар ин маросим ҳузур доштам. Вақте эълон карданд, ки ин нимпайкараро як бонуи ҳунарманд офаридааст, ҳайратзада шудам... Эътирофи устодон Ба нимпайкараи Ҳаким Карим аксари аҳли адабу фарҳанги кишвар, аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Ислом, профессори Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, устодони Донишгоҳи Фарғона Фарҳод Исомиддинову Масъуди Мирзо ва дигарон баҳои баланд дода, дасти офарандаи он бону Мунир...
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд
Матбуот, Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷӯён созҳои миллӣ таълим дода мешаванд

Соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 18 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов фаъолона иштирок намуда, 4 нафар сазовори ҷоиза ва туфаҳои хотиравии озмун шуданд. Аз ҷумла, омӯзгори сози най Фазлиддин Одинаев дар номинатсияи иҷрокунандагии созӣ соҳиби мақоми баландтарин- «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид. Дар ин хусус директори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб Шариф Бедаков зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб студияи сабти овоз амал менамояд, ки дар он аз рӯйи 12 ихтисос ба донишҷўён созҳои санъати тоҷик таълим дода мешаванд.Ҳоло дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб 106 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 63 нафар тариқи рӯзона ва 43 на...
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ хотирмон гардид
Матбуот

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ хотирмон гардид

ХОРУҒ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 барои ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров соли бобарор буд. Дар ин сол ҳам дар барномаҳои консертӣ ва ҳам намоишҳо тамошобинони зиёде иштирок доштанд. Соли гузашта бештар аз 7 ҳазор тамошобин ба театр омад, ки аз ин ҳисоб 200 ҳазор сомонӣ ба буҷаи театр маблағ ворид шуд. Дар ин хусус сардори Раёсати фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташоҳ Амрихонов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.Сардори Раёсати фарҳанги вилоят гуфт, ки соли гузашта бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нахустин маротиба ба вилоятҳои Хатлону Суғд сафари ҳунарии мукаммал анҷом дода шуд. Ба гуфтаи ҳунармандон, дар ҳамаи шаҳру ноҳияи ин минтақаҳо онҳоро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд...
Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
Матбуот

Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи сипаришаванда воситаҳои ахбори оммаи чопии мамлакат рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзиширо инъикос намуданд. Зимнан, дар ин рӯзҳо таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид. Сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои давлатии Қатар, ба имзо расидани якчанд созишномаи ҳамкорӣ, ҳамчунин ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футбол дар мусобиқоти Осиё аз муҳимтарин рӯйдодҳо буданд, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ инъикос шуданд.Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 22 январи соли 2024 дар баробар...