Президент

Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсур...
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ деҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмир бароварда шуд.Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар т...
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
АСОСӢ, Мақолаҳо, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200 ададаш сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва...
Иштирок дар Фестивали асал, анор ва картошка дар вилояти Суғд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Фестивали асал, анор ва картошка дар вилояти Суғд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор иштирок намуданд. Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад. Ба ҳолати якуми ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 теъдоди оилаҳои зарбӯри асал дар вилояти Суғд 578 оила зиёд карда шуда, ба 80 525 оила расонида шудааст. Дар 10 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст. Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, балан...
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд

2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди Пешвои миллат ва меҳмони...
 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар (ЮНЕСКО) кушода мешавад.  
АСОСӢ, Фармонҳо, Хабарҳо

 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар (ЮНЕСКО) кушода мешавад.  

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи кушодани Намояндагии доимииҶумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳидоид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)     Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва басти вазифавии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг(ЮНЕСКО) - ро тасдиқ намояд. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Ра...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд
Президент

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд

4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бомаром густариш ёфта, рӯз аз рӯз уфуқҳои нав касб менамоянд.Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти...
Паём, Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз!Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтис...
Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Президент

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард. Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд. Сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд. Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иштирок карданд. Сарони давлатҳо доираи...