Тавре маълум аст, рӯзҳои 5 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Климович, вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Фестивали XXIV байналмилалии эҷодиёти бачагона таҳти унвони «ЗАНБӮРИ ТИЛЛОӢ» баргузор шуд.
Дар асоси хулосаи ҳайати доварон ва натиҷаи ҷамъбасти фестивал хонандагони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев» — Ашуров Акрам, синфи 9, ихтисоси овозхони анъанавӣ, омӯзгор Саидов Сорбон «Лауреати дараҷаи якум» ва Беҳруззода Нилгуна синфи 10, ихтисоси рассомӣ, омӯзгор Грезова Адиба «Лауреати дараҷаи сеюм» гардиданд.
Бо назардошти ин, маъмурияти мактаб-интернат омӯзгорону волидон ва хонандагони муассисаро бо натиҷаи баланди ғолибият дар Ҷумҳурии Беларус табрику муборакбод намуда, барояшон дар таҳсили минбаъда бурдбориҳо орзу менамояд.
Дастовардҳо муборак бошанд!
