
Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолу дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъйу талоши пайваста ба хотири ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон, рамзи худогоҳию худшиносӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём парчамдор буданд. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул карда шуд. Он рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву миллӣ мебошад.
Пешвои миллат арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллатро пайваста талқин мекунанд. Далели ин, қомат афрохтани Парчами Тоҷикистон дар пояи 165-метра мебошад. Баъд аз ин, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шаҳри Душанбе, дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз он ҷумла, дар Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Турсунзода, Исфара, Ваҳдат, Рашт ва ғайраҳо бо тарҳи зебо қомат афрохтааст. Дар ноҳияи Данғара низ парчами баландии қутраш 150 метр, дарозиаш 18 метр ва бараш 12 метр қомат афрохт. Дар деҳаҳои Пушинг ва Хуррамзамин низ Парчами Тоҷикистон ҷилва мекунад.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти мардуми миллии куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Тавре, ки Пешвои миллат иброз доштанд: «Насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ карда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худдшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳисобида мешавад».
Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузорад ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медорад.
Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.
Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.
Умеда Давлатова,
мудири шуъбаи табъу нашри
Донишгоҳи давлатии Данғара
