Раҳнаварде дар олами ҳунар

Нафистарину зеботарин ҳунар ин санъати театру кино аст, ки ҳунармандон бо офаридани нақше шодиву нишот ва шебу фарози рӯзгори моро дар он таҷассум месозанд. Кино чун ҷузъи таркибии фарҳанги ҳар як қавму миллат маҳсуб ёфта, таърих, ҳунар ва анъанаҳои неки гузаштагону имрӯзиёнро инъикос намуда, ба оламиён муаррифӣ менамояд.

Оғози парвоз

Агар бедорхобиҳои филмноманависон намешуд, агар тахайюли зебоиофарӣ ва такмилсозии асар ё сенарияи филм аз ҷониби коргардонҳо намешуд, агар онҳо бо диду нигоҳи тоза ҳунармандонро барои офаридани нақше уҳдадор намекарданд, агар заҳмати наворбардору тарроҳи либос, рассоми саҳна ва рӯшноидиҳандаи майдони ҳунар намебуд, филми хуберо тамошо карда, наметавонистем. Вақте дар дил рағбати навиштан дар мавриди синамо пайдо шуд, беихтиёр исми Нигина Раҷабова ба хотирам расид. Бо майли зиёд заҳмату талошҳои чилсолаашро то қадри имкон чун қатрае аз баҳр рӯйи авроқи сафед нигоштам.

…Дар қалби кӯчаку нозуки Нигина меҳри ҳунар аз даврони мактабхонӣ туғён мезад. Миёни ҳамсолонаш дунёи рангину беолоиш дошт, зебопараст буду дар олами кӯдакӣ бо хаёлоти рангине сайр менамуд. Агар барои дидани намоишномае ба театр мерафт ва ё филмеро дар кинотеатр тамошо мекард, ба ҳаракат ва имову ишораи ҳар як ҳунарманд аҳаммият медод. Ҳамин меҳр дар умқи дилаш ҷо шуда, дигар берун нашуд. Вақте дар синфи нуҳ таҳсил мекард азм кард, ки пас аз хатми мактаби миёна пешаи коргардониро интихоб мекунад.

Меҳру муҳаббати ҳунар ғолиб шуду ин духтари волаву шайдои санъат соли 1981 ба шуъбаи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, аз устодони ин боргоҳи ҳунару фарҳанг — Малика Ҷӯрабекова ва Мақсудшо Иматшоев нозукиҳои ҳунари актёрӣ ва маҳорати коргардониро ба хубӣ омӯхт.

Шарораи хотираҳо

Ҳангоми таҳсил дидор бо устоди бузурги ГИТИС ва ВГИК Борис Владимирович Бибиков барояш руҳу илҳоми тоза бахшид. Ӯ дар мавриди Борис Бибиков қиссаи аҷибе кард:

«Устодам Борис Владимирович Бибиков аз қувваи босира маҳрум буд, ман барояш китоб мехондаму асарҳо қироат менамудам. Садои ҳунармандонро ҳангоми иҷрои нақшҳо сабт намуда, барояш мешунавондам, ҳарду нақшҳои офаридаи актёронро муҳокима мекардем. Ӯ аз фаъолияти эҷодии театрҳои бузурги Москва ва Санкт-Петербург қиссаҳо намуда, ҳамчунин, дар мавриди саромадони театр Михаил Чехов, Вахтангов, Станиславский бароям қиссаҳо менамуд».

Ин бонуи ҳунар бо меҳру муҳаббати хоса аз устодаш Мақсудшо Иматшоев ёд намуда, мегӯяд: «Маҳз, роҳнамоӣ ва маслиҳатҳои устодам дар ҷодаи санъати синамо буд, ки ман ба ин мақому мартаба расидам, аз устодоне, ки дар ин ҷодаи пурифтихор, аммо заҳматталаб маро тарбияву раҳнамоӣ намудаанд, миннатдорам».

Ҳангоми суҳбат Нигинаи оғуштаи олами ҳунар бо як ҷаҳон муҳаббат аз коргардони шинохтаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки замоне дар идораи драмма ва кинои Телевизиони Тоҷикистон кор мекарданд, ёд намуда, иброз дошт ки: “Сайф истеъдоди Худодод дошт ва ҳамчун коргардон ва киношинос нигоҳи тозаву эҷодкоронае ба синамо дошт. Агарчи дар айни камолоти эҷодӣ дунёро падруд гуфт, лек хидмати мондагоре барои синамо ва телевизиони тоҷик намудааст”

Ин зани фарҳехтаву донишманд аз профессор Тамара Абдушукурова хеле миннатдор аст. Ӯ мегӯяд: “Мо бо Тамара Махсумовна дӯстии деринаи хонаводагӣ дорем, дар шебу фарози кору рӯзгор ҳамеша роҳнамову маслиҳатгари ман ҳастанд. Барои ман ин кас чун роҳнамо дар олами ҳунар  ба шумор рафта, ҳар як дастоварду комёбие, ки дорам самараи дӯстиву ҳамкорӣ бо ин зани донишманд аст”.

Дар олами ҳунар

Вақте театр-студияи “Нимҷазира” таъсис ёфт, коргардони шинохтаи тоҷик Валерий Аҳадов Нигинаро ба кор даъват намуда, як муддат дар ин ҷо кор карда, ҳунару маҳорати актёрии хешро сайқал дод. Савияи дониши Нигинаи дилбохтаи ҳунарро дида, устодонаш Малика Ҷӯрабекова ва Соро Музофиршоева ӯро барои кор дар донишкада тавсия карданд. Муддати сӣ сол дар даргоҳе, ки сабақи илму ҳунар омӯхт, ба шогирдонаш дарс гуфт. Нигина Раҷабова барои такмили донишу ҳунари хеш соли 1998 ба шаҳри Санкт-Петербург рафта, аз устоди бузурги мактаби театрии он вақт Аркадий Катсман сабақ омӯхт. Аз соли 1999 то соли 2002 дар Мактаби театр, мусиқӣ ва синамо ба номи Николай Черкасови шаҳри Санкт-Петрбург таҷрибаомӯзӣ намуда, дониши хешро тақвият бахшида, ба Ватан баргашт. Соли 2010 филми Нигинаи сарсупурдаи ҳунари синамо аз рӯйи новеллаи Темур Зулфиқоров бо номи «Меҳмони охирин» дар Эрон соҳиби ҷоизаи филми беҳтарин гардид.

Инчунин, соли 2010 ин бонуи ҳунар бо коргардонии Орзумурод Шарифов филми ҳуҷҷатии “Роҳ”-ро ба навор гирифтанд, ки он аз ҳашт қисм иборат буд. Ин филм аз роҳҳои бунёднамудаи замони Истиқлол қисса мекунад, ки хеле диданиву ҷолиб рӯйи экран омадааст. Ҳамчунин, бо коргардонии Нигина Раҷабова ва Орзумурод Шарифов филми мустанади “Зебо ва Қаландар” ё худ “Чашмаи умед” ба навор гирифта шуд, ки онро тамошобинон хеле хуб қабул намуданд.

Соли 2005 Нигина Раҷабова дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода курси бозомӯзии маҳорати актёриро эҳё намуда, муддати панҷ сол дар ин мактаб ба шогирдон дарс дода, нозукиҳои касби актёрӣ ва коргардониро ба онҳо омӯхт.

Нигина Раҷабова дар тули фаъолияти чилсолаи хеш хидматҳои зиёде барои синамо ва театри тоҷик намуд. Шогирдоне чун Мастураи Ортиқ, Малоҳати Абдулло, Аловиддин Абдуллоев, Ҷаъфари Ҷалол, Ҳотами Равшан Далер Мирхонов ва Хушнуди Дадо шогирдони ин зани соҳибмактаб мебошанд.

Нигини синамои тоҷик

Синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон”, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, барои Нигина Раҷабова хеле хотирмону фаромӯшнашаванда буд, зеро дар ин чорабинии фарҳангӣ филми таҳиякардаи ӯ бо номи “Модар” аз рӯйи асари Темур Зулфиқоров ҳамчун “Беҳтарин филми кӯтоҳмуддат” соҳиби ҷоиза гардид.

Нигина Раҷабова аз умри тайкардаи хеш, ки ба ҷаҳони зебои синамо бахшидааст, ҳаргиз пушаймон нест. Мо низ бо ифтихор номи ин бонуи ҳунарро, ки сарсупурдаи кори хеш аст, дар қатори коргардонҳои машҳур Маргарита Қосимова, Гулбаҳор Мирзоева, Лилия Кимёгарова, Соҷида Ғуломова, Гуландом Муҳаббатова, Гуландом Сатторова ва Шарофат Арабова ба забон оварда, фараҳмандона иброз медорем, ки Нигина Раҷабова низ нигине дар синамои тоҷик маҳсуб меёбад. Месазад, ки насли имрӯзаи дар ин ҷода навкору навроҳ аз ӯ сабақи хуби кору зиндагӣ биомӯзанд.

Акбар Абдусамадов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *