Мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо губернатори музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Муддати зиёда аз 30 сол муносибатҳо байни мамлакатҳои Тоҷикистону Чин марҳила ба марҳила мустаҳкам гардида, ба зинаи нави ташаккул баромаданд. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз, 27-уми апрели 2025 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сатториён Матлубахон Амонзода бо Чжао Ган, губернатори музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо аз рушди бесобиқаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки дар оянда низ тавсеа меёбад.

Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф баланд арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар ва мардуми онҳо ҷавобгу буда, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *